Ноябр 27, 2021 14:35 Asia/Dushanbe
  • Муҳақиқони эронӣ равиши нав барои таҳқиқоти саратон ихтироъ карданд

Раиси Пажуҳишкадаи саратон муътамиди ҷиҳоди донишгоҳи Эрон гуфт: нахустин бор як равиши нави маделсозии саратон дар намунаҳои бузурги ҳайвонӣ бар пояи тасвирбардории навин кашф кардаем, ки дигар ниёз ба ҷароҳии боз дар ҳайвон надорад.

Ромини Саромӣ дар мусоҳиба бо хабаргузории Садо ва симо афзуд гуруҳе аз муҳақиқони эронӣ тавонистанд равишеро ихтироъ кунанд, ки бо истифода аз он метавон селулҳои инсониро дар бофтҳои ҳадафи ҳайвоноти бузург қарор дод ва дигар ниёзе нест то ҳайвон ҷароҳи шавад ва мароҳили таҳқиқот кутоҳтар мешавад.

Вай гуфт: Барои таҳқиқ дар хусуси саратонҳо, мо ниёз дорем ибтидо корро рӯи ҳайвон оғоз кунем ва чуночӣ равишҳо дар маделҳои ҳайвон асарбахш буд, баъд аз он метавонем корозмоии болиниро рӯи инсонҳо анҷом диҳем.

Саромӣ афзуд: Дар равишҳои қадимӣ барои баррасии дармонҳои мухталифи саратон маҷбур будем аз ҳайвоноти кучак истифода кунем ва иллати ҷароҳии анҷомшуда маъмулан эҳтимоли кам вуҷуд дошт, ки ҳайвон то поёни таҳқиқот зинда бимонад.

Вай гуфт: Мо дар равиши нав метавонем аз кошти селул дар бофтҳо бедуни ниёз ба ҷароҳи истифода кунем ва ин равиш барои таҳқиқ дар мавриди чандин навъи саратони бофти сахт корбурд дорад.

 

Бештар бихонед:

Занбурӯғ хатари саратонро коҳиш медиҳад

Барчасп