Ноибқаҳрамонии Эрон дар мусобиқоти валейболи соҳилӣ қаҳрамони Осиё
Ноябр 27, 2021 14:48 Asia/Dushanbe
Тими миллии валейболи соҳилии Эрон дар радаи дуюми мусобиқот қаҳрамони Осиё қарор гирифт.
Дар финоли мусобиқоти валейболи соҳилии қаҳрамонии Осиё, ки шанбе дар Тайланд баргузор шуд, тими Эрон 2 бо таркиби Баҳмани Солимӣ ва Абулҳасани Хокизода бо натиҷаи 2 бар нол муқобили Австралия 1 шикаст хурд то ба медали нуқраи ин мусобиқот даст ёбад.
Тими Қатар ҳам бо пирузӣ муқобили Қазоқистон ба медали биринҷии мусобиқоти валейболи соҳилии қаҳрамонии Осиё даст ёфт.