Ноябр 28, 2021 13:16 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Террори донишмандони ҳастаӣ ҷиноят алайҳи башарият ва нақзи ҳуқуқи байналмилал аст
    Ғарибободӣ: Террори донишмандони ҳастаӣ ҷиноят алайҳи башарият ва нақзи ҳуқуқи байналмилал аст

Козими Ғарибободӣ, муовини умӯри байналмилал ва дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоия рӯзи шанбе дар изҳороте ба муносибати солгарди шаҳодати Муҳсин Фахризода, террори донишмандони ҳастаиро ҷиноят алайҳи башарият ва нақзи ҳуқуқи байналмилал донист.

Ғарибободӣ ҳамчунин бо интиқод аз беамалӣ ва сукути созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои муддаии мубориза бо терроризм аз поёни иқдомоти додгустарии Теҳрон дар заминаи расидагии ҳуқуқӣ ба чаҳор парвандаи террори донишмандони ҳастаӣ хабар дод.

Муҳсини Фахризода, раиси Созмони пажӯҳиш ва навоварии вазорати дифо ва пуштибонии нерӯҳои мусаллаҳи Эрон дар 27 ноябри 2020 дар шаҳри Обсарди устони Теҳрон дар як ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Обсарди Дамованди устони Теҳрон ба шаҳодат расид.

Шаҳиди Фахризода, як физикдони мумтозу устоди донишгоҳ буд, ки ибтикороти илмии мутаъаддидеро, аз ҷумла дар ҳавзаҳои падофанди ғайриомили шимиёӣ, биоложии ҳастаӣ барои аҳдофи ҳифозатии иҷроъ ва бавижа дар ҳавзаи донишу таҷрубаи ҳастаӣ, хадамоте мондгор ироа кард.

Ҷумҳурии Исломии Эрон пас аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ ҳадафи ҳамалоти террористии густарда қарор гирифт. Террори шахсиятҳои барҷастаи сиёсӣ ва инқилобии кишвар, террори 17 ҳазор инсони бегуноҳ, аз ҷумлаи ҷиноёте аст, ки тавассути Амрико ва террористҳои таҳти ҳимояти онҳо дар минтақа сӯрат гирифт. Террорҳои ҳадафманди Амрико бо истифодаи аз нақши ҷинояткоронаи режими саҳюнистӣ аз ҳудӯди як даҳа қабл бо террори чанд донишманди ҳастаии Эрон дар солҳои 2010-2011 ва 2012 оғоз шуд. Террори доктор Муҳсини Фахризода, донишманди ҳастаӣ ва дифоии Эрон низ дар идомаи ин иқдомоти террористӣ сӯрат гирифт.

Дар таҳлили ин мавзӯ, се ҷанбаи қобили тааммул вуҷӯд дорад:

Ҷанбаи нахуст; моҳияти сиёсӣ ва аҳдофи муғризонае аст, ки аз сӯи созмонҳои ҷосӯсии амрикоӣ –исроилӣ ва шабакаҳои террористии мавриди ҳимояти анҳо дар минтақа дунбол мешавад.

Ҷанбаи дувум; талоши душманон барои мамониат аз пешрафтҳои илмӣ дар Эрон аст, ки бо вуҷуди террорҳо ва таҳримҳои ҳаддиаксарӣ, харобкорӣ дар таъсисоти ҳастаӣ натавонист онҳоро ба аҳдофашон бирасонад.

Ҷанбаи сеюм, зарбазадан ба зерсохтҳои амният ва иқтидори Эрон аст. Террори сардори шаҳид сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи пешини нерӯи Қудси сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ мисдоқи дигаре аз ин террорҳои ҳадафманд аст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бар ин бовар аст, ки стандартҳои дугонаи Ғарб дар мубориза бо терроризм на танҳо ғайрисозандааст, балки мунҷар ба шикасти муборизаи ҷаҳонӣ бо терроризм хоҳад шуд. Таҷрубаи як даҳаи ахир нишон дод, ки идомаи ин сиёсатҳои дугона саранҷом ба фароҳам шудани заминаҳои бештар ба тарвиҷу тавсеаи терроризми давлатӣ мунҷар мегардад.

Ноам Хомский, назарияпардозу таҳлилгари масоили сиёсӣ, ки Амрикоро сардамдори терроризм медонад, дар ин бора мегӯяд; " то замоне, ки Эрон мустақил бимонад ва дар баробари султаи Амрико сари таъзим фурӯд наёвард, душманиҳо ва мухолифатҳои Амрико идома хоҳад дошт, Ҷумҳурии Исломии Эрон аз назари Амрико ғайриқобили пазиришаст, чун аз истиқлоли худ чашмпӯшӣ намекунад."

Созмони милал аз тариқи қатъномаҳои мутааддиди худ ва бо иҷмоъ, тамомии иқдомот, равишҳо ва равияҳои терроризмро, ки дар ҳар куҷо ва аз сӯи ҳаркас муртакиб шаванд, ба унвони иқдомоти ҷинояткорона ва ғайриқобили тавҷеҳ маҳкӯм кардааст.

Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳақи зотии дифо аз худро барои иттихози тамомии иқдомоти лозим дар посух ба ин ҳамлаи террористӣ ва ҳаргуна иқдомоти мутахаллифонаи дигар, мутобиқ бо Маншури милали муттаҳид ва ҳуқуқи байналмилал маҳфӯз медорад.

Бештар бихонед:

 

Барчасп