Бозгашти раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон аз сафар ба Туркманистон
Ноябр 29, 2021 10:50 Asia/Dushanbe
Ҳавопаймои раиси Ҷумҳурии Исломми Эрон ва ҳайати ҳамроҳ дар бозгашт аз Туркманистон дақоиқе пеш дар фурудгоҳи Меҳробод ба замин нишаст.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва симо, оқои Раисӣ, ки дирӯз аср барои ширкат дар иҷлоси кишварҳои узви ЭКО ба Ашқобод сараф карда буд пас аз ҳузур ва суханронӣ дар ин иҷлос ба Теҳрон бозгашт.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин сафар, дидор бо раисони ҷумҳурии Туркманистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Покистон, Туркия ва Озарбойҷон роҳҳои тавсияи дуҷониба ва ҳамкориҳои минтақаиро мавриди баҳсу табодули назар қарор дод.
Раиси ҷумҳур ҳамчунин бо эрониёни муқими Туркманистон ва тоҷирон ва бозаргонон ва фаъолони бахши хусусии Эрон дидору гуфтугӯ кард.
Бештар бихонед:
Барчасп