Иқдомоти қаҳромези Амрико ормони тавсеаро ба шиоре бемаъно табдил кардааст
Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милал гуфт, набуди иқдоми муассир дар баробари корҳои номашруи якҷонибаи қаҳромези Амрико, аз ҷумла таҳримҳои якҷониба, ормони Тавсеаи пойдорро ба шиоре бемуҳтаво ва бемаънӣ табдил кардааст.
Маҷиди Тахти Равончӣ дар суханоне дар чиҳилупанҷумин иҷлоси солонаи вазирони умури хориҷаи Гуруҳи – 77 ба иловаи Чин изҳор дошт: Ин гуруҳ ба унвони бузургтарин блоки байнидавлатӣ дар Созмони Милал, ин абзору аҳромро дар дастраси ҳамаи кишварҳои дар ҳоли тавсеа қарор медиҳад то битавонанд манофеи ҷамъии худро бо такя бар иртиқои зарфияти музокиротӣ дар ҳамаи масоили иқтисодии байналмилалӣ дар Созмони Милал ба пеш бибаранд.
Сафири Эрон дар СММ гуфт, акнун пас аз наздик ба шаш даҳа аз таъсиси ин гуруҳ ва ба рағми ҳамаи мавонеу чолишҳое, ки бо он мувоҷеҳем, Гуруҳи - 77 тайи ин солҳо тавониста дар амал собит кунад, ки ҳамкории байналмилалӣ танҳо роҳи ҳифзу посдошт аз арзишҳои муштарак ва ҳаллу фасли чолишҳои фарорӯи ҷаҳон аст.
Тахти Равончӣ дар бахши дигаре аз суханони худ таъкид кард, ҳамагирии Ковид - 19 занги ҳушдоре барои кулли ҷаҳон буд то якбори дигар ба мо ёдоварӣ кунад, ки тавсеа, рифоҳу саодати башарият ба якдигар муттасил будаву вобастагии мутақобил дорад.
Аршадтарин дипломати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Созмони Милал гуфт, бо ин вуҷуд дар ҳоле ки ҳамаи кишварҳо даст дар дасти якдигар ба ҳамкорӣ барои муқобила бо ин ҳамагирӣ машғуланд. Вай гуфт: Муттаассифона, шоҳидем, ки Амрико ба таҳмили иқдомоти номашруи якҷонибаи қаҳромези худ, аз ҷумла таҳримҳои якҷонибаи ғайриқонунӣ бар теъдоде аз кишварҳо, ки бештарин хисорату ранҷро аз авоқиби вахими ҳамагирии корона мутаҳаммил шудаанд, идома медиҳад.