Ноябр 12, 2016 17:51 Asia/Dushanbe
  • Қосимӣ: Неруҳои низомии Эрон ҳар гуна таҳаррукеро таҳти назар доранд

Сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон, гуфт, неруҳои низомии Эрон ҳар гуна тағйир ва таҳаррукеро дар Халиҷи Форс, зери назар доранд.

Ба гузориши идораи кулли дипломосии расонаии Вазорати хориҷаи Эрон, Баҳроми Қосимӣ, сухангуи вазорати умури хориҷаи Эрон, афзуд, тамоми дастгоҳҳо ва созмонҳои марбута дар муқобила бо ҳар гуна таҷовузи эҳтимолӣ ва дифо аз ҳарими обӣ ва хокии Эрон, аз як сиёсати воҳид ва ҳамоҳангии лозим бархӯрдор ҳастанд.

Баҳроми Қосимӣ, дар хусуси афзоиши рӯёрӯиҳои қоиқҳои гаштзании Эрон бо киштиҳои амрикоӣ ва иддаои мақомоти Вашингтон дар заминаи эҳтимоли рӯёрӯии Эрон ва Амрико, тасреҳ кард, бисёре аз ин иттифоқот, ки бархе аз он тавассути расонаҳои ғарбӣ бузургнмоӣ мешавад, табии аст.

Қосимӣ, ба ҳузури неруҳои низомии бегона дар Халиҷи Форс ишора ва хотирнишон кард, неруҳои низомии Эрон, ки масъулияти ҳифозат аз марзҳои Эронро бар уҳда доранд, барои дифо аз ҳаққи ҳокимият ва тамомияти арзии кишвар, ҳушёрона талош ва ҳар гуна тағйир ва таҳарруке, ки дар ин минтақа сурат мегирадро зери назар доранд.

Вай таъкид кард, агар неруҳои бегона бихоҳанд ба ҳудуд ва марзҳои Эрон наздик шаванд ва қасди ҳамла дошта бошанд, ба шиддат бо онҳо бархӯрд хоҳад шуд.