Декабр 03, 2021 17:00 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари инқилоб даргузашти оятуллоҳ Сайид Разии Шерозиро таслият гуфтанд

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон дар паёме даргузашти марҳум оятуллоҳ Сайид Разии Шерозиро таслият гуфтанд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар паёме даргузашти марҳум оятуллоҳ Ҳоҷи Сайид Разии Шерозиро таслият гуфтанд.

Матни паёми таслияти Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ ба ин шарҳ аст:

Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим

Даргузашти олими бузургвор марҳум оятуллоҳ оқои ҳоҷи Сайид Разии Шерозӣ раҳматуллоҳи алайҳро, ки аз фарзанди парчамдори кабири Ислом ва ташайюъ ва марҷаи истеъморситези қарни чаҳордаҳуми ҳиҷрӣ - марҳум Мирзои Шерозии бузург буданд, ба ҳавзаи илмияи Теҳрон ва шогирдону иродатмандони эшон ва байти рафеи Шерозӣ ва ба вижа ба хонадони мукарраму бозмондагони эшон таслият арз мекунам ва раҳмату мағфират ва улувви дараҷоти эшонро аз Худованди мутаол масъалат менамоям.

 

Сайид Алии Хоманаӣ, 11 озари 1400

 

Барчасп