Рӯҳонӣ: Иҷроӣ шудани қарордодҳои пасобарҷом бо бисёре аз кишварҳо
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар дидор бо раиси Маҷлиси Венгрия бар иҷроӣ шудани қарордҳои пасобарҷоми Эрон ва дигар кишварҳо таъкид кард.
Ҳасани Рӯҳонӣ имрӯз шанбе, дар дидори Ласло Ковер, раиси Маҷлиси миллии Венгрия бо ишора ба нақши муассири Иттиҳоди Аврупо дар музокироти ҳастаӣ ва зарурати истифодаи ҳар чӣ бештар аз фурсатҳои пасобарҷом барои густариши ҳамкориҳо, гуфт, Ҷумҳурии Исломии Эрон кишвари бузург бо иқтисоди навзуҳур аст ва зарфиятҳо ва тавонмандиҳои густурдаи Эрон, дар заминаи хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ ва иҷрои тарҳҳои зербиноӣ ва ҳамчунин тавонмандиҳои Венгрия дар ҳавзаҳои санъат ва кишоварзӣ, бистарҳои муносибе барои тавсеаи ҳамкориҳои Теҳрон – Будапешт эҷод кардааст, ки бахшҳои хусусии ду кишвар бояд бо ошноии бештар бо ин зарфиятҳои муштарак, дар густариши ин ҳамкориҳо пешгом шаванд.
Рӯҳонӣ ба қарордодҳои Эрон ва бисёре аз кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ, дар давраи пасобарҷом ишора кард ва изҳор дошт, бисёре аз ин қарордодҳо амалиётӣ шудааст ва сармоягузорон ва ширкатҳои венгриёӣ низ метавонанд аз фазои кунунӣ барои тавсеаи ҳамкориҳо истифода кунанд.
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бахши дигаре аз суханон худ ба мавзуи зарурати муборизаи ҳамагонӣ бо терроризм пардохт ва изҳор дошт, терроризм мушкили бузург барои минтақа ва ҷаҳон аст ва ҳеч кишваре наметавонд аз осори бади он, дур бимонад.
Ласло Ковер, раиси Маҷлиси миллии Венгрия низ дар ин дидор бо таъкид бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои Эрон ва Венгрия дар ҳамаи арсаҳо изҳор дошт, Будапешт тасмим гирфтааст, ки сатҳи ҳамкорӣ ва равобити худро дар ҳамаи ҳавзаҳо бо Теҳрон густариш диҳад.