Воксани Розӣ – дувумин воксани кӯдакон дар ҷаҳон
Воксани Розӣ рутбаи дувуми муносибтарин воксан барои кӯдаконро ба худ ихтисос додааст.
Алии Исҳоқӣ, раиси муассисаи таҳқиқоти воксан ва сирумсозии Розӣ гуфт, беҳтарин воксан барои кӯдакон воксане аст, ки камтарин антиженро дошта бошад ва битавонад системаи эминиро дар бадани онҳо фаъол кунад.
Исҳоқӣ афзуд, ҳамакнун як воксани корона дар ҷаҳон аст, ки миқдори антижени он 5 микрограм дар як доза аст ва пас аз он воксани Розӣ бо 10 микрограм антижен дар як доза, рутбаи дувуми муносибтарин воксан барои кӯдаконро ба худ ихтисос додааст.
Раиси муассисаи таҳқиқоти воксан ва сирумсозии Розӣ бо ишора ба ин ки ин воксан барои бахши синнии 18 то 75 сол қобили истифода аст, гуфт: Воксани Розӣ муҷаввизи масрафи изтирорӣ гирифта ва 5 миллион дозаи он чанд ҳафта аст, ки омодаи масраф аст.
Корозмоии болинии воксани Розӣ Ков Порси муассисаи Розӣ, ки нахустин воксани тазриқӣ - истиншоқии протеини навтаркиби корона аст, 28 феврали 2021 бо тазриқи марҳалаи аввали озмоиши инсонӣ ба 2 довталаби мард оғоз шуд.
Воксани Розӣ Ков Порс дуюмин воксани эронии корона аст.
Воксани Розӣ Ков Порсро муассисаи таҳқиқоти воксан ва сирумсозии Розӣ мутобиқ бо дастуруламали Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт тавлид кардааст.
Бештар бихонед: