Декабр 09, 2021 13:12 Asia/Dushanbe
  • Ғарибободӣ: Феҳристи ҷадиди таҳрими афрод ва ниҳодҳои амрикоӣ ба зудӣ эълом мешавад

Дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон, гуфт : Ба зудӣ феҳристи ҷадиде аз афрод ва ниҳодҳои амрикоии дахил дар нақзи ҷиддии ҳуқуқи башар, ки тавассути Эрон таҳрим мешаванд, мунташир хоҳад шуд.

Ба гузориши ИРНА, Козими Ғарибободӣ, дабири Ситоди ҳуқуқи башари қувваи қазоияи Эрон ба дунболи таҳрими ахири бархе ашхоси ҳақиқӣ ва ҳуқуқии Ээронӣ тавассути Амрико ва ба баҳонаҳои беасоси нақзи ҳуқуқи башар, тасреҳ кард: Ин иқдоми Амрико дар идомаи ҳамон сиёсати шикастхӯрдаи фишори ҳаддиаксарии зидди миллати Эрону истифодаи абзорӣ аз таҳрим барои таҳаққуқи аҳдофи сиёсӣ аст.

Ғарибободӣ гуфт, режиме, ки ба таъбири коршиносону гузоришгарони вижаи Созмони милал бо эъмоли таҳримҳои якҷониба ва ғайриқонӯнӣ зидди миллати Эрон, ҳуқуқи бунёдини шаҳрвандони эрониро ба мухотира андохта ва дастрасии беморон ба дору ва таҷҳизоти дармониро манъ карда, наметавонад муддаии дифо аз озодӣ ва ҳуқуқи башар дар Эрон бошад.

Вай бо ишора ба инки Амрико дар заминаи наҳваи рафтор бо муътаризон ва иҷтимооти мусолиматомез, худ дар мақоми муттаҳам қарор дорад ва бояд нисбат ба бархӯрди ваҳшиёнаи полиси ин кишвар бо муътаризони дохилӣ ба афкори умумии ҷаҳон посух диҳад, афзуд, ба изъони коршиносону гузоришгарони вижаи ҳуқуқи башар, хушунати полиси Амрико бо ҷомеъаи рангинпӯсти ин кишвар бавижа сиёҳпӯстон, баёнгари нажодпарастии низомманд, система ва ниҳодина аст.

Ғарибободӣ дар идома тасреҳ кард, вазъияти асафбори зиндонҳои Амрико нишондиҳандаи нақзи ҷиддии ҳуқуқи зиндониёну вазъияти асафноки зиндонҳои ин кишвар аст.

 

Барчасп