Табрики фаро расидани солрӯзи вилодати ҳазрати Зайнаб (а)
10 декабри 2021 баробар бо панҷуми ҷамоди ул аввали соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ, солрӯзи вилодати ҳазрати Зайнаби кубро (а) аст.
Ҳазрати Зайнаб (а) ба унвони улгӯ ва усва барои тамомии занону мардони озодихоҳу зулмситез дар ҳамаи замонҳо матраҳ аст. Эшон дар канори бародари бузургворашон ҳазрати имом Ҳусайн (а) бо ҷараёни мутаҳаҷҷиру мунҳарифе мубориза мекарданд, ки ба исми дифо аз ислом, фоҷеъаи бузурги Карбалоро ба вуҷуд овараданд. Ҳазрати Зайнаб (а), як зани мутааллиқ ба дирӯз, имрӯз ва фардост, чаро ки каромати инсон, бандагии Худо, адолатхоҳӣ ва шарофату озодагӣ, арзишҳоест, ки ба як давраи хос ё ҷомеъаи хос мутааллиқ нест. Ҳазрати Зайнаби кубро (а) ҳар рӯз вуҷудаш аз меҳру маърифати Расули гиромии ислом (с) ҷонӣ тоза мегирифт ва аз илму балоғати падари гиромишаън Ҳазрати имоми Алӣ (раз.), баҳра ҷусту руҳаш дар домони пурутуффати модари бузургворашон Ҳазрати Фотима (а) ба соҳили оромиш расид. Эшон пас аз шаҳодати Ҳазрати имом Ҳусайн (а), худро муваззаф ба ҳифзи ҷони имом Саҷҷод (а) медиданд, ба ҳамин иллат дар сахттарин шароит дар баробари ҷинояткорон ва ситамгарон истоданду дар канори он ҳазрат, бо суханони кубандае душманони исломро расво карданд.
Дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон, солрӯзи вилодати ҳазрати Зайнаб (а), рӯзи парастор номгузорӣ шудааст.