Паёми табрики Амирабдуллоҳиён ба вазири хориҷаи ҷадиди Олмон
Ҳусайн Амирабдуллоҳиён, вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон душанбешаб дар паёме ба Анналена Бербок (Annalena Baerbock) интисоби вай ба унвони вазири хориҷаи Ҷумҳурии федеролии Олмонро табрик гуфт.
Ба гузориши хабаргузории Эронпресс, Амирабдуллоҳиён дар ин паёми зимни табрик ба Анналена Бербок, ибрози умедворӣ кард, равобити ду миллат ва ду давлати Эрону Олмон дар давраи ҷадид беш аз пеш густариш ёбад.
Вазири хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон бо баёни инки муносиботи таърихии Ҷумҳурии Исломии Эрону Ҷумҳурии федеролии Олмон бо қидмати беш аз саду панҷоҳ сол, мунҷар ба шаклгирии пайвандҳои амиқ миёни ду кишвар шудааст, афзуд, ин дастмояи арзишманд ва қавоми равобит мубтанӣ бар эҳтирому манофеи мутақобил, тавонистааст ду кишварро ба рағми чолишҳо, ҳамвора дар масири таъомул ва дарки муштарак қарор диҳад.
Амирабдуллоҳиён дар ин паём ҳамчунин хотирнишон кард, Ҷумҳурии Исломии Эрону Ҷумҳурии федеролии Олмон аз зарфиятҳои таъсигузоре барои мувоҷеҳаи муштараку созанда бо чолишҳои ҷаҳонии имрӯз дар сутӯҳи байналмилалӣ ва минтақаӣ бархӯрдор ҳастанд.
Намояндагони порлумони Олмон мавсӯм ба "Бундестаг" рӯзи чаҳоршанбе (8 декабр) Олаф Шултс аз Ҳизби сотсиал демократро ба унвони садр аъзами ҷадиди ин кишвар интихоб карданд.
Пас аз интихоби Шултс ба унвони раиси кабина ва садр аъзами ҷадиди Олмон, вазирони давлати ҷадиди ин кишвар низ мансӯб шуданд.
Бештар бихонед: