Эъломи муқаррароти ҷадиди сафар ба Эрон
Ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон, муқаррароти ҷадиди пазириши мусофирони вурудӣ дар парвозҳои байналмилалӣ ба Эронро эълом кард.
Ба гузориши хабаругзории Садо ва симо, пайрави дастӯруламали вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкӣ ва бо ҳадафи афзоиши иқдомоти пешгирона барои ҷилавгирӣ аз густариши вируси карона дар кишвар, ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон муқаррароти ҷадиди пазириши мусофирони вурудӣ дар парвозҳои байналмилалӣ ба Эронро эълом кард.
Ширкати ҳавопаймоии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муқаррароти ҷадиди худ эълом кард: Ҳамаи мусофирони болои 12 сол дар парвозҳои вурудӣ ба Эрон бояд дар маҳдӯдаи 72 соат монда ба парвоз, иқдом ба анҷоми озмоиш "PCR" кунанд ва гувоҳии ҷавоби манфии тести коронаро ба забони англисӣ ба ҳамроҳ дошта бошанд.
Дар муқаррароти ҷадид, мусофирон бо шаҳрвандии ғайри эронӣ, илова бар тести "PCR", бояд дорои корти ваксинатсияи корона ба забони англисӣ буда ва аз охирин навбати тазриқи воксани онҳо 14 рӯз гузашта бошад.
Бар асоси қавонини ҷадид, ҳамчунин такмили форми худизҳории мусофирон қабл аз парвоз илзомӣ аст.