Таъкиди Раисӣ бар ташкили камиссиюни муштараки Эрон ва Маҷористон
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон бар ташкили камиссиюни муштараки байни Эрон ва Маҷористон дар ҷиҳати тавсеаи таомулоти иқтисодӣ ва сиёсӣ таъкид кард.
Сайид Иброҳими Раисӣ дар дидори Петер Сийярто, вазири умури хориҷа ва тиҷорати Маҷористон зимни ишора ба тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар гуфт, муносиботу иртибототи байни ду кишвари Эрон ва Маҷористон қобили қабул нест ва метавон бо ҳамкориҳои дуҷониба сатҳи равобитро ба нуқтаи қобили қабуле бирасонем.
Раисӣ иртиботи кишварҳои шарқи Аврупо бо Эронро таърихӣ ва муҳим баршумурд ва изҳор дошт: Агар кишварҳои шарқи Аврупо мустақил амал кунанд, ба лиҳози сиёсӣ ва иқтисодӣ манфиат хоҳанд бурд.
Раиси Ҷумҳурии исломии Эрон дар мавриди муҳоҷирати афғонистониҳо ба кишварҳои Аврупо гуфт: Самараи ду даҳа ҳузури НАТО ва Амрико дар Афғонистон қатл, ҷиноят, хунрезӣ ва дармондагии мардуми Афғонистон аст. Беш аз 30 ҳазор кӯдаки афғонистонӣ дар натиҷаи ҳузури амрикоиҳо дар Афғонистон маълул шудаанд.
Раисӣ бар идораи Афғонистон тавассути мардуми ин кишвар таъкид карду афзуд: Афғонистон бояд тавассути як давлати мустақил идора шавад.
Раисӣ бо ишора ба нигоҳи дугонаи Ғарб дар бархурд бо масоил гуфт: Умедворем, дар остонаи мелоди ҳазрати Масеҳ (а) бархе кишварҳои ғарбӣ фақат иддаои масеҳият накунанд, балки ба омӯзаҳои масеҳӣ амал кунанд.
Вазири умури хориҷаи Маҷористон бо ибрози хурсандӣ аз тавваҷуҳи давлати Ҷумҳурии исломии Эрон ба равобити тиҷориву иқтисодӣ гуфт, барои иртиқои сатҳи равобит байни Теҳрон ва Будапешт талош мекунем.