Аббосзодаи Мишкинӣ: Музокироти Вена бар асоси пешнависи тарафи эронӣ анҷом мешавад
Сухангӯи Комиссиони амнияти миллии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон гуфт, музокироти кунӯнии Вена қадаме рӯ ба ҷилав аст, зеро ғарбиҳо рӯи пешнависҳои музокиракунандагони эронӣ ва дар чорчӯби мушаххас шуда тавассути Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтугӯ мекунанд.
Маҳмуди Аббосзодаи Мишкинӣ, сухангӯи Комиссиони амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон дар хусӯси раванди музокироти Ҷумҳурии Исломии Эрон бо гурӯҳи 1+4 гуфт, музокироти ҳастаӣ дар солҳои гузашта шакл гирифт ва тавофуқи БарҶом аз сӯи кишварҳои мухталиф имзо шуд.
Вай изҳор кард, бар ин асоси Эрон ба тааҳҳудоти пешбинӣ шуда тавассути БарҶом амал кард, аммо ғарбиҳо ба онҳо амал накарданд, ки нақзи тавофуқ маҳсӯб мешавад.
Сухангӯи Комиссиони амнияти миллии Маҷлиси Шӯрои Исломии Эрон идома дод, ҳамакнӯн камтарин интизоре, ки аз кишварҳои тарафи БарҶом-ӣ вуҷӯд дорад, ин аст, ки онҳо ба тааҳудоташон амал кунанд ва мутобиқи мафоди тавофуқ таҳримҳоро лағв кунанд. Ин муҳим камтарин хостае аст, ки ғарбиҳо метавонанд ба он ҷомаи амал бипушонанд.
Аббосзодаи Мишкинӣ бо ишора ба инки кишварҳои аврупоӣ набояд нисбат ба раванди музокироти БарҶом-ӣ фазосозии манфӣ кунанд, афзуд, албатта бояд изъон кард, рӯйкарди ғарбиҳо тағйир карда, зеро онҳо авоил муқовимат мекарданд, аммо акнӯн пазируфтаанд, Эрон дар раванди гуфтугӯҳо ҷиддист.
Бештар бихонед: