Бузургдошти Ҳабибуллоҳ Абдуразоқов- ҳунарманди машҳури тоҷик ба ҳиммати муассисаи фарҳангии ЭКО
Муассисаи фарҳангии ЭКО маросими бузургдошти коргардону ҳунарманди даргузашта ва машҳури синамо ва театри тоҷикро баргузор мекунад .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, муассисаи фарҳангии ЭКО,бузургдошти 85 солагии Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов-коргардону ҳунарманди шаҳир ва пешкисвати синамо ва театри тоҷикро баргузор хоҳад кард .
Ин матлаб дар дидори Сарвар Бахтӣ-раиси муассисаи фарҳангии ЭКО бо Масъуди Ҷаъфарии Ҷузонӣ-коргардон, нависанда ва филмсози эронӣ матраҳ шуд.
Ин маросим бо ширкати ҳунармандону синамогарони саршиноси кишварҳои узви ЭКО ҳамроҳ бо намоиши филме аз зиндагӣ ва фаъолияти ҳунарии Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов баргзор хоҳад шуд .
Ҳабибуллоҳ Абдураззоқов дар беш аз 30 филм дар кишварҳои мухталиф ва аз ҷумла дар ду маҷмӯъаи телевизиюнии эронии « Дар чашми бод » ба коргардонии Масъуди Ҷаъфарии Ҷузонӣ ва « Шукрона » ба коргардонии Саиди Султонӣ ифои нақш кард .
Ин ҳунарманди тоҷик дар маҷмӯъаи « Дар чашми бод » нақши яке аз қаҳрамонҳо ба номи « Ҳисом » ва дар маҷмӯъаи « Шукрона » нақши саргурди полиси Тоҷикистонро ифо кардааст.
Абдураззоқов дар даҳҳо намоиши театрӣ ва филми синамоӣ нақшҳои аслиро бозӣ ва беш аз 30 намоиши театриро коргардонӣ кард .
Вай дар 19 январи соли 2021 дар шаҳри Душанбе-пойтахти Тоҷикистон дар синни 84 солагӣ чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.