Декабр 24, 2021 17:33 Asia/Dushanbe
  • 481 пажӯҳишгари эронӣ дар зумраи донишмандони бартари ҷаҳон

Раиси Муассисаи истинодии улуму поиши илм ва фанноварӣ эълом кард, 481 пажӯҳишгари эронӣ дар зумраи донишмандони бартари ҷаҳон қарор гирифтанд.

Муҳаммадҷаводи Деҳқонӣ, раиси Муассисаи истинодии улуму поиши илм ва фанноварӣ (ISC) гуфт, 481 пажӯҳишгари эронии шиносоишуда бар асоси шохисҳои истинодӣ ва илмсанҷӣ, дорои рафтори истинодии нормал ва фоқиди мақолаи беэътиборшуда ё бозпасгиришуда ҳастанд ва ба унвони пажӯҳишгарони пуристиноди як дарсади бартари ҷаҳон шиносоӣ ва муаррифӣ шуданд.

Деҳқонӣ афзуд: Яке аз вазоифи аслии ISC дар ростои муаррифии пуртаълифтарин ва пуристинодтарин муаллифон, пажӯҳишгарон ва кишварҳои бартари илмӣ дар ҷаҳони Ислом ва фароҳам овардани имкони шиносоӣ ва баррасии зариби нуфузи тавлидоти илмии пажӯҳишгарону пажӯҳишгарони нухба аст.

Ба гуфтаи раиси Муассисаи истинодии улуму поиши илм ва фанноварӣ, нухбагони як дарсади бартари дунё, 14 дарсад аз кулли илми дунёро тавлид ва ҳамин гуруҳ 24 дарсад аз кулли истинодҳои дунёро дарёфт майкунанд ва меъёри интихоби пажӯҳишгарони бартар теъдоди истинодҳои суратгирифта ба тавлидоти онҳо аст.

Деҳқонӣ гуфт, бар ҳамин асос пажӯҳишгароне, ки тавонистаанд бар асоси таҳқиқоти худ ба болотарин сатҳи эътибори байналмилалӣ даст ёбанд, дар дастаи пажӯҳишгарони як дарсад ва 20 дарсади бартари дунё қарор мегиранд.

 

 

 

Барчасп