Декабр 31, 2021 20:33 Asia/Dushanbe
  • Меҳвари муқовимат дар тамоми сарзаминҳои исломӣ дар таъқиби душман аст

Фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ гуфт, меҳвари муқовимат дар таъқиби душман дар тамоми сарзаминҳои исломӣ аст ва иҷозаи таҳаққуқ ёфтани аҳдофи ононро надодааст.

Сарлашкар Ҳусайни Саломӣ дар гиромидошти дуюмин солрӯзи шаҳодати сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ ва иртиҳоли оятуллоҳ Мисбоҳи Яздӣ, аз мароҷеи изоми тақлид, ки бо унвони «Шукӯҳ, шаҳодат ва каромат» дар Қум (ҷануби Теҳрон) баргузор шуд, ба умқи нуфузи инқилоби исломии Эрон дар саросари ҷаҳон бо меҳварияти Раҳбари муаззами инқилоб ишора кард ва афзуд: Имрӯз меҳвари муқовимат дар таъқиби душман дар ҳамаи сарзаминҳои исломӣ аст ва иҷозаи таҳаққуқ ёфтани аҳдофи ононро надода ва агар чунин қудрате шакл намегирифт, душман ба тамоми сарзаминҳои исломӣ таҷовуз мекард.

Сарлашкар Саломӣ дар идома ба шахсияти сардор Сулаймонӣ ишора кард ва гуфт: Душман бо террори шаҳид Сулаймонӣ ба дунболи тазъифи ҷабҳаи муқовимат буд, аммо бар хилофи ҳамаи муодилот ба баракати хуни ин шаҳиди муқовимат қавитар ва муқтадиртар аз гузашта шудааст.

 

Барчасп