Таҳлил: Партоби озмоишии моҳворабари Симурғ ва фазосозиҳои хориҷӣ
(last modified Sat, 01 Jan 2022 09:01:04 GMT )
Январ 01, 2022 14:01 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Партоби озмоишии моҳворабари Симурғ ва фазосозиҳои хориҷӣ
    Таҳлил: Партоби озмоишии моҳворабари Симурғ ва фазосозиҳои хориҷӣ

Амрико ва бархе кишварҳои аврупоӣ,ки бо ҳар муваффақияте дар Эрон,ба фазосозии таблиғотӣ ва ворунасозии воқеъиятҳо мепардозанд.ин бор низ партоби моҳвора бар Симурғро баҳона қарор додаанд, то барномаи мушакии Эронро таҳдид барои амният муъаррифӣ кунанд.

Саъиди Хатибзода сухангӯи вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар вокуниш ба фазосозиҳои бархе мақомоти амрикоӣ ва аврупоӣ дар хусуси партоби озмоишии моҳвора бар Симурғ изҳор дошт,пешрафтҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ, аз ҷумла дар  ҳаво ва фазо ҳаққи мусалами миллати Эрон буда ва ин гуна изҳороти мудохилаҷӯёна дар азми  миллати Эрон барои пешрафт дар ин ҳавза,халале эъҷод нахоҳад кард.

 

Саъиди Хатибзода тасреҳ кард,ҳеҷ қатъномае Ҷумҳурии исломии Эронро аз барномаи таҳқиқоти фазоӣ ва озмоишҳои муртабит, аз ҷумла дар ҳавзаҳаи моҳворабарҳо манъ намекунад,лизо истинод ба қатъномаи 2231 қиёси бемаврид ва аз асоси хилоф воқеъ аст.

Ошкор аст Ҷумҳурии исломии Эрон тибқи қавонин байналмиллалӣ ҳаққи истифода аз фановариҳои сулҳомез дар масири тавсиъаи илмӣ -таҳқиқотии худро дорад.

Саидаҳмади Ҳусайни,сухангӯи фазоии Вазорати дифоъ ва пуштибонии неруҳои мусаллаҳи Эрон дар бораи маъмурияти моҳворабари Симурғ гуфт : Дар ин партоб амалкарди аҷзои пойгоҳи фазоӣ ва амалкарди моҳвора бар ба дурусти анҷом ва дар ниҳоят, аҳдофи таҳқиқотии мадди назар аз ин партоб муҳаққақ шуд.

Пас аз дастёбии Эрон ба тавонмандии бумии фазоӣ ва эҷоди қобилияти партоби моҳвораҳои кӯчак бо моҳворабарҳои "Сафир"ва "Қосид", тавсеъаи партобгарҳои бо қобилияти болотар дар барномаи санъатии фазоии кишвар мавриди тавваҷӯҳ қарор гирифт. Ин тавонмандӣ моҳияти комилан илмӣ дошта ва таъкид бар ин нукта дорад ,ки миллатӣ Эрон шоистаи пешрафт ва тавсиа аст.

Гомҳои илмӣ ва пажӯҳишии Эрон дар арсаи фазоӣ нишондиҳандаи ин аст, ки ангеза ва тавони санъатгарон ва донишмандони Эрон беш аз он аст,ки баёнияҳо ва таҳримҳои кишварҳои ғарбӣ битавонад монеъи пешрафти тавсиаи Эрон шавад.

Неъмати Ҳасанӣ, устод ва муҳақиқи донишгоҳи   шаҳид Биҳиштӣ дар бораи аҳамияти ин пешрафтҳо мегӯяд: Фановариҳои фазоӣ,яке аз муҳимтарин абзори мудирияти тавсиа ба шумор меравад.

Коркарди аслии фановарии партоби моҳвора ҷамъоварии иттилоъоти мавриди ниёз барои поиши мухотароти табиъӣ аз тариқи истгоҳҳои фазоӣ аст. Дар ҳоли ҳозир бо бистарсозиҳое,ки созмони фазоӣ эҷод кардааст,бо вуҷуди тамоми маҳдудиятҳои таҳримӣ ва илмӣ ,Ҷумҳурии исломии Эрон ба чархаи комили фановарии фазоӣ даст ёфтааст .Эрон бо сохти моҳвора ва партоби он ва дарёфти додаҳо аз ин фановари барои мутолиъот  ва барномарезиҳои илмӣ дар ҷиҳати пешрафти кишвар баҳраманд гардида ва истифода аз фановарии фазоӣ дар кишвар ба тарзи  бумӣ имконпазир шудааст.

Мушаки моҳворабари эронии "Симурғ"қодир аст моҳвораҳои то вазни 250 киллограмро дар мадори 500 киллометрии замин қарор диҳад.

Ҷумҳурии исломии Эрон,бо партоби моҳвора ва ворид ба ҷамъи кишварҳои соҳиби фановарии мушак ва моҳвора ,нишон дод дар арсаи улуми ҳаво ва фазо, дар зумраи кишварҳои бартари ҷаҳон дар дониши фазоӣ қарор дорад. Дар ҳоли ҳозир сохти пойгоҳи партоби моҳвора низ ки ниёз ба тавоноӣ ва технологияи пешрафта дорад дар ихтиёри катар аз 10 кишвар аст.

Душманон дар ҳамаи ин солҳо талош кардаанд бо коршиканӣ ва таҳрим ,Ҷумҳурии исломиро аз дастрасӣ ба ин фановариҳои пешрафта боздоранд, аммо масъулон ва санъатгарон ва донишмандон бо дифои ҳуқуқи ҳастаӣ ва санъатии миллати Эрон.тавтиъаҳоро хунсо кардаанд.Партоби муваффақи моҳворабари "Симурғ" якбори дигар нишон дод фаъолиятҳои илмӣ ва бумии Ҷумҳурии исломии Эрон натанҳо муттавақиф нашуда, балки бо муввафақиятҳои бештар, ҳамчунон пуршитоб идома дорад.Ҳамон гуна ,ки сухангӯи Вазорати хориҷа тасреҳ кардааст,Эрон дар ин масир мунтазири назари бархе кишварҳое,ки дар садади таҳмили раъйи худ ҳастанд, нахоҳад буд ва ҳаракати пуршитоби тавсиаи илмии кишварро маътали дурӯғпардозиҳо ва фазосозиҳои бегонагон нахоҳад кард.

Бештар бихонед: