Барои воксиносиюни ҳамаи афрод дар Эрон ба вижа муҳоҷирон иқдом шавад
Январ 01, 2022 21:45 Asia/Dushanbe
Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфт: Барои қатъи занҷираи беморӣ ва пешгирӣ аз густариши корона дар Эрон зарурат дорад барои воксиносиюни ҳамаи афрод ба вижа муҳоҷирон иқдом шавад.
Ба гузориши пойгоҳи итилоърасонии Раёсати ҷумҳур: Сайид Иброҳими Раисӣ, дар ҷаласаи Ситоди миллии муқобила бо корона бо ишора ба аҳамияти таваҷҷуҳ ба воксиносиюни муҳоҷиронӣ афғонӣ ва дигар кишварҳо, ки ба ҳар шакл дар Эрон ҳузур доранд изҳор дошт, барои қатъи занҷираи беморӣ ва пешгирӣ аз густариши корона зарурият дорад барои воксиносиюни ҳамаи афрод ба вижа муҳоҷирон иқдом шавад.
- Раисӣ ҳамчунин бо таъкид бар анҷоми озмоиши корона аз ҳамаи касоне, ки ба Эрон ворид мешавад гуфт: Лозим аст устонҳои марзӣ рафтуомади афрод аз марзҳои заминӣ, ҳавоӣ ва дарёйро бо диқат ва ҷиддият назорат кунанд ва аз ҳамаи ин афрод озмоиши корона гирифта шавад ва ба баргаҳои озмоиш, ки баъзан тақалубӣ ҳастанд иктифо накунанд чаро, ки ҳаргуна саҳалангорӣ дар ин замина дар ҳақиқат заҳматҳои ҳамаи кодри дармон ва дастандаркорони муқобила бо коронаро аз байн мебарад.
Барчасп