Сафорати Эрон дар Афғонистон: Сардор Сулаймонӣ нақши муҳими дар пешгирӣ аз таҷзияи кишварҳои исломӣ ифо кард
(last modified 2022-01-02T13:06:21+00:00 )
Январ 02, 2022 18:06 Asia/Dushanbe
  • Сафорати Эрон дар Афғонистон: Сардор Сулаймонӣ нақши муҳими дар пешгирӣ аз таҷзияи кишварҳои исломӣ ифо кард

Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон эълом кард: Сардори шаҳид Сулаймонӣ нақши муҳими дар пешигирӣ аз таҷзияи кишварҳои исломӣ ифо кард.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, ҳамзамон бо дувумин солгарди шаҳодати сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ, сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Афғонистон имрӯз якшанбе дар баёнияе эълом кард: Сардор Сулаймонӣ қаҳрамони мубориза бо терроризм буд ва бахши зиёде аз корномаи дурахшон ва иқдомоти вай дар минтақа  ба ҷангӣ бо терроризми байналмиллалӣ равона будааст.

Дар ин баёния омада аст нақши сардор Сулаймонӣ дар ҳимоят аз ақалиятҳои мазҳабӣ ва нажодӣ дар кишварҳои Ироқ ва Сурия дар муқобили ҷиноятҳои гуруҳои такфирӣ чашмгир буда аст ва наҷоти иқлими Курдистони Ироқ аз суқут дар баробари ҳамалоти ДИИШ ва нақши эшон дар шикастани муҳосираи шаҳри Арбил мисолзаданӣ аст.

Бар асоси ин баёния, терори ҷинояткоронаи сардорон ва фармондеҳони мубориза бо ДИИШ ва терроризм дар минтақа, дар воқеъ интиқоми террористҳо аз ин сардорон буд, ки ба дасти Доналд Трампи ҷинояткор анҷом гирифт.

Дар ин баёния омда аст сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Кобул дар солрузи шаҳодати сардор Сулаймонӣ ва ёронаш ёди онҳоро гиромӣ медорад ва ба поси хадамоти гаронқадри онҳо дар мубориза бо терроризм ба онҳо адои эҳтиром мекунад.

 

Бештар бихонед:

Дархости судури қатънома барои маҳкумияти дастандаркорони террори ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ

Вокуниши ҷаҳони Ислом ба шаҳодати Ҳоҷ Қосим Сулаймонӣ

Видеое аз ҳузури Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ дар ҳарами Имом Ризо (а) бо либоси ходимӣ

 

Барчасп