Сафари зоирони эронӣ ба ҳарами ҳазрати Зайнаб ва Руқая (с)
Январ 02, 2022 19:03 Asia/Dushanbe
Раиси созмони Ҳаҷу зиёрати Эрон аз оғози эъзоми корвонҳои зиёратӣ ба Сурия дар қолаби корвони 25 нафара ба муддати панҷрӯза хабар дод.
Алиризо Рашидиён гуфт: Бо пайгириҳои суратгирифта ва имзои тафоҳумнома байни Эрон ва Сурия, сафари зоирони эронӣ ба ҳарами ҳазрати Зайнаб ва Руқая(с) пас аз ҳудуди 2 сол таваққуф барқарор шуд ва якшанбе 12 дай 1400 аввалин гурӯҳи зоирони Эрон ба Сурия мушараф мешаванд.
- Рашидиён бо баёни ин ки корвонҳои зиёратии Сурия 25 нафара пешбинӣ шуда аст афзуд, то кунун беш аз 75 нафар барои сафари зиёратии Сурия сабти ном карданд ва аввалин гуруҳ шомили як корвони 25 нафара аз фурудгоҳи имом Хумайни(р) ба Димишқ эъзом мешавад.
- Раиси созмони Ҳаҷу зиёрат бо ишора ба ин ки ҳар ҳафта 2 парвоз барои сафари зиёратӣ ба Сурия пешбинӣ шуда аст гуфт, дар ин давра аз эъзомҳо дар қолаби корвони зиёратӣ ба муддати чаҳор шабу панҷ рӯз ба Сурия эъзом мешаванд ва ҳамаи зоирон фақат дар Димишқ ҳузур доранд ва ба зиёрати ҳарами ҳазрати Зайнаб ва Руқая(с) мушараф мешаванд.
Сафари зиёратӣ ба Сурия ба далили ҷангҳои дохилӣ ва ҳузури ДИИШ дар ин кишвар, ҳамчунин густариши корона мутавақиф шуда буд.
Барчасп