Январ 03, 2022 09:51 Asia/Dushanbe
  • Рахти азои сардор бар тани Теҳрон

Идораи иртиботот ва умури байналмилали Созмони зебосозии шаҳри Теҳрон эълом кард, ин созмон бо ихтисоси бештари созаҳои фарҳангӣ дар беш аз 50 ҳазор метри мураббаъ, ҳолу ҳавои шаҳрро барои сӯгвории айёми шаҳодати сардор Қосими Сулаймонӣ омода кардааст.

Аршаи пулҳо, созаҳои фарҳангӣ ва таблиғотӣ, порталҳо дар саросари Теҳрон ба экрани ёдбудҳои сардори шаҳид Ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ ихтисос ёфтааст. 

Имрӯз, душанбе, 3 январ солгарди шаҳодати сардори сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон аст.

Бомдоди 3 январи соли 2020 дар ҳамлаи мушакии паҳподҳои амрикоӣ бо дастури мустақими Доналд Трамп, Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, Абумаҳдӣ Алмуҳандис, муовини нерӯи Басиҷи мардумии Ироқ ва ҳамроҳонаш ба шаҳодат расиданд.

Дар пайи ин иқдоми террористии Кохи Сафед, Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон пойгоҳи низомии амрикоӣ дар Айнуласади Ироқро бомбаборон карданд. 

Барчасп