Январ 03, 2022 21:47 Asia/Dushanbe
  • Сафари зоирони 60 кишвар ба Кирмон барои таҷдиди паймон бо шаҳид Сулаймонӣ

Раиси пажуҳишкадаи дифоъи муқаддаси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт: Зоирони 60 кишвари ҷаҳон барои таҷдиди паймон бо сипаҳбуди шаҳид Сулаймонӣ ба Кирмон омаданд.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ Садои Хуросон, Сардор Абдулло Ироқӣ дар оини бузургдошти дуввумин солгардӣ шаҳодати сардор Сулаймонӣ, шуҳадои мудофеъи ҳарами устони Кирмон ва ёдвораи шуҳадои шаҳристони Рафсанҷон дар мусаллоҳи ин шаҳр афзуд: Шаҳодати сипаҳбуд ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ чунон ҳаракат ва шуре эҷод кард, ки имрӯз аз 60 кишвари дунё дар ойини бузургдошти дуввумин солгарди шаҳодати эшон ва таҷдиди паймон бо ормонҳои сардори дилҳо дар Кирмон ҳозир шуданд.

  • Сардор Ироқӣ бо ишора ба ин ки мактаби ҳоҷӣ Қосим инсон соз аст изҳор дошт: Дар ҳоли ҳозир душманон аз ҳоҷӣ Қосими шаҳид бештар метарсанд то замоне, ки дар қайди ҳаёт буд.

Душабне 3 январи 2022 мусодиф бо 13 дай моҳи соли 1400 ҳиҷри шамсӣ, солрӯзи шаҳодати сардори сипаҳбуд ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи неруи Қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ аст.

Сардори сипаҳбуд ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ, Абумаҳди Алмуҳандис мовини Созмони басиҷи мардумии Ироқ "Ал-Ҳашду Шаъбӣ" ва теъдоди аз ҳамроҳонашон бомдоди ҷумъа 3 январи 2020 дар ҳамлаи ҳавоӣ неруҳои мутаҷовиз ва террористи амрикоӣ наздики фурудгоҳи Бағдоди пойтахти Ироқ ба шаҳодат расиданд.

 

Барчасп