Таъкиди пайравони динҳо бар нақши сардор Сулаймонӣ дар таъмини амният
Пайравони динҳо мухталиф бар нақши сардори шаҳид Сулаймонӣ дар таъмини амният дар минтақа ва талош барои дифоъ аз ҳуқуқи пайравони адиён таъкид карданд.
Ба гузориши хабаргузории Эрон Пресс, ҳамоиши дуввумин солгарди шаҳодати сардори шаҳид Қосими Сулаймонӣ бо унвони "Сардор Сулаймонӣ, мудофеъи озодӣ, амният ва зиндагии мусолиматомези пайравони адиён" рӯзи душанбе бо ҳузури Муҳаммадмаҳдӣ Исмоилӣ, вазири фарҳанг ва иршоди исломӣ ва ҷамъе аз раҳбарони адиёни мухталиф дар Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон баргузор шуд.
Дар ин ҳамоиш илова бар шахсиятҳои фарҳангӣ ва сиёсии низоми муқаддаси Ҷумҳурии Исломии Эрон, раҳбарони адиёни тавҳидӣ аз кишварҳои Сурия, Лубнон, Ироқ ва Эрон дар хусуси нақши сардори дилҳо дар дифоъ аз ҳуқуқи пайравони динҳо ва мубориза бо ифротигароӣ дар минтақа, суханронӣ карданд.
- Маҳдӣ Имонипур, раиси Созмони фарҳанг ва иртибототи исломии Эрон дар ин барнома сардор Сулаймониро нуқтаи кунунии меҳвари муқовимат хонду гуфт: Шаҳид Сулаймонӣ фақат ҳамосасоз набуд, ӯ инсон соз буд.
- Вай бо таъкид бар ин ки мактаби ҳоҷӣ Қосим ҳамеша зинда хоҳад монд, афзуд: Ҳоҷӣ Қосим байналмиллалитарин шахсияти Ҷумҳурии Исломии Эрон буда ва хоҳад буд.
- Вай афзуд: Шаҳодати сардор Сулаймонӣ нафақат ба амнияти Эрон, балки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон осеб зад ва омилони он бояд посухгӯи ин ҷиноят бошанд ва ҳамаи озодихоҳони ҷаҳон дар интизори интиқоми сахт аз Амрико ҳастанд.
Имонипур бо ишора ба хуруҷи Амрико аз минтақа гуфт: Сахттарин интиқом аз омилон ва қотилони шаҳид Қосими Сулаймонӣ хуруҷи фарҳангии Амрико аз минтақа аст, нафақат хуруҷи низомӣ.