Январ 08, 2022 15:58 Asia/Dushanbe
  • Содироти 110 мегаватт барқи Эрон ба Афғонистон

Мушовири вазири нерӯ дар умури байналмилал, аз содироти 110 мегаватт барқи Эрон ба Афғонистон хабар дод.

Маҳммадалии Фараҳнокиён, мушовири вазири нерӯ дар умӯри байналмилал, имрӯз (шанбе) дар гуфтугӯ бо ИРНА зарфияти интиқоли барқи Эрон ба Афғонистонро 175 мегаватт баршумурд ва гуфт, акнӯн 110 мегаватт барқ ба ин кишвар содир мешавад.

Фараҳнокиён афзуд, акнӯн шабакаи барқи Эрон ба шаҳри Ҳироти Афғонистон муттасиласт ва аз тариқи се ё чаҳор хати интиқоли барқ анҷом мешавад.

Вай ҳамчунин гуфт, нахустин вазире, ки аз давлати Толибон ба Эрон сафар кард Абдулатиф Мансур, вазири об ва барқ буд, ки мавзӯи идомаи ҳамкориҳо матраҳ шуд.

Тавсеаи иртибототи шабакаи барқи Эрон бо кишварҳои ҳамсоя мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ бо ҳадафи густариши мубодилот ва содироти энержии барқ, яке аз барномаҳое аст, ки Алиакбар Меҳробиён, вазири нерӯи Эрон бар он таъкид дораду иҷрои онро аз сиёсатҳои аслии худ баршумурдааст.

 

Барчасп