Январ 09, 2022 21:58 Asia/Dushanbe
  • Охирин омори корона дар Эрон

Вазорати беҳдошту дармон ва омузиши пизишкии Эрон аз фавти 31 нафар бар асари ибтило ба вируси корона дар кишвар хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон рӯзи якшанбе эълом кард: дар 24 соати гузашта 31 бемори Ковид-19 фавт карданд, ки маҷмуъи фавтиҳо ба 131 ҳазору 878 нафар расид.

Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон ҳамчунин эълом кард: Аз дирӯз то имрӯз ва бар асоси меъёрҳои қатъӣ ташхиси як ҳазору 480 бемори ҷадиди мубтало ба Ковид-19 дар кишвар шиносоӣ шуд, ки маҷмуъи беморон ба 6 миллиону 206 ҳазору 405 нафар расид.

Бар асоси ин гузориш 6 миллиону 51 ҳазору 812 нафар аз беморон беҳбуд ёфта ва аз бемористонҳо дар Эрон ҷавоб шуданд.

Вазорати беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон гузориш дод дар шабонарӯзи  гузашта 564 ҳазору 301 доз ваксинаи корона дар кишвар тазриқ шуда аст.

Вазорати беҳдошт, эълом кард: То кунун 60 миллиону 107 ҳазору 219 нафар дози аввал, 52 миллону 627 ҳазору 529 нафар дози дуввум ва 10 миллиону 263 ҳазору 772 нафар дози севвуми ваксинаи коронаро тазриқ карданд ва маҷмуъи ваксинаҳои тазриқшуда дар Эрон ба 122 миллиону 998 ҳазору 520 доз расид.

 

Бештар бихонед:

Асарбахшии 93 дарсадии ваксинаи эронии "Ков Эрон Баракат"

 

Барчасп