Январ 20, 2022 14:23 Asia/Dushanbe

Ҳаққобаи Ҳирманд - қадимитарин санаде, ки марбут ба ҳақобаи Эрон аз Афғонистон аст, бо пайгириҳои суратгирифта ба саранҷом расид.

Ҳаққобаи Эрон аз Ҳирманд ба додхости ҳуқуқии Эрон аз оби рӯди Ҳирманд дар Афғонистон ва Сиистон ишора дорад.

Муоҳидае, ки дар 22 исфанди 1351 шамсӣ дар Кобул имзо шуд ва бар асоси он муқарар шуд, дар ҳар сония 26 метри мукааб об (муодили 850 миллион метри мукааб дар сол) саҳми Эрон аз оби садди Каҷакии ин рӯдхона бошад.

Бо вуҷуди бастани қарордоди ҳаққобаи Ҳирманд, аз авохири даҳаи 1370 ва ҳамзамон бо коҳиши бориши солонаву густариши хушксолӣ бар Сиистон, мизони вурудии оби рӯди Ҳирманд ба дарёчаи Ҳомун мураттабан коҳиш ёфт.

Барчасп