Январ 23, 2022 15:23 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ : Ҳайатҳои Аҳли байт ( ъ ) бояд маркази посух ба суолҳои гуногуни ҷавонон бошад

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар дидор бо маддоҳон таъкид карданд : Ҳайатҳои Аҳли байти алайҳис-салом бояд маркази посух ба суолҳои гуногуни ҷавонон бошад .

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ-Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ  имрӯз ( якшанбе ) дар иди валодати ҳазрати Заҳро саломуллоҳи алайҳо дар дидор бо ҷамъе аз маддоҳону зокирони Аҳли байти алайҳимус-салом фармуданд : Ҳайат маҳали баён аст, маҳали баёни муҳимтарин мафоҳими маорифи исломӣ ва маорифи алавӣ ҳайат аст, маҳали посух ба суолҳо аст .

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар идома таъкид карданд : Имрӯз ҷавонҳои мо суол доранд, суолҳои гуногуне доранд, дар бораи сабки зиндагӣ суол доранд, дар бораи масоили усулӣ суол доранд, суол ҳам баҷост оҳи мувоҷеҳа бо суол андешидану посух додан астн кор бояд дар ҳайат анҷом бигирад, маркази муҳими ин кор ҳамин ҳайат аст .

 

Барчасп