Сарлашкар Боқирӣ: Ҳамкории низомии Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон тавсеа меёбад
Раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт, бо сафари вазири дифои ҷумҳурии Озарбойҷон ба Эрон ба таври ҳатмӣ равобити низомии ду кишвар тавсеаи чашмгире хоҳад ёфт, ки сабаби амнияти ҳар ду кишвар мешавад.
Сардор сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ дар ҳошияи дидори генерал Зокир Ҳасанов, вазири дифои ҷумҳурии Озарбойҷон, ки дар Теҳрон баргузор шуд, гуфт: Мулоқоти хуберо бо вазири дифои кишвари бародару мусулмони ҷумҳурии Озарбойҷон доштем ва дар ин дидор сиёсати Ҷумҳурии исломии Эрон дар тавсеаи равобит бо ҳамсоягон аз ҷанбаи равобити низомӣ ва дифоӣ бо ҷумҳурии Озарбойҷонро тавзеҳ додем.
Вай афзуд, ҳамчунин дар мавриди ин ки бо ҳамкории Неруҳои мусаллаҳи Эрон ва ҷумҳурии Озарбойҷон чӣ гуна метавон амнияту дифои мутмаин барои ду кишварро фароҳам кард, табодули назар кардем.
Вазири дифои ҷумҳурии Озарбойҷон низ ба хабарнигорон гуфт, дар дидор бо раиси Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон перомуни мавзуоти муҳиме суҳбат кардем.
Вай идома дод, ҳамчунин дар ин дидор паёми раиси ҷумҳурии Озарбойҷонро ба раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Эрон расонадем ва эълом кардем, ки дар тавсеаи равобити дуҷониба бисёр мусаммам ҳастем.
Вазири дифои ҷумҳурии Озарбойҷон бо баёни ин ки мутмаин ҳастам баъд аз ин дидор равобити ду кишвар дар сатҳи боло хоҳад буд, хотирнишон кард, раиси Ситоди кулли Неруҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эронро ба ҷумҳурии Озарбойҷон даъват мекунам ва умедворам ба зудӣ ин сафар амалӣ шавад.