Раиси комисиюни амнияти миллии Маҷлис: Таҳримҳои Амрико, Эронро дар таҳияи ваксинаи корона бо мушкилот мувоҷеҳ кард
(last modified 2022-01-26T16:20:14+00:00 )
Январ 26, 2022 21:20 Asia/Dushanbe
  • Раиси комисиюни амнияти миллии Маҷлис: Таҳримҳои Амрико, Эронро дар таҳияи ваксинаи корона бо мушкилот мувоҷеҳ кард

Раиси комисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон гуфт: Таҳримҳои Амрико, Эронро дар таҳияи ваксинаи корона бо мушкилот мувоҷеҳ кард.

Ваҳиди Ҷалолзода раиси комисиюни амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии Маҷлиси шӯрои исломии Эрон, дар нишасти маҷозӣ бо раиси кумитаи равобити хориҷии Парлумони Люксембург гуфт: Таҳримҳои амрикоиҳо бо руйкарди зиддиинсонӣ ва ҳуқуқи башарӣ сабаб шуд, то Эрон дар аввали масири муқобила бо корона дар таҳияи ваксина бо мушкилот мувоҷеҳ шавад.

Раиси комисиюни амнияти миллии  маҷлис афзуд: Интизор дорем Люксембург ва Иттиҳодияи Аврупо дар ин замина бо Амрико ҳамроҳӣ накунанд.

Ҷалолзода ҳамчунин гуфт: Ширкатҳои донишбунёни Эрон дар арсаҳои мухталиф ба дастовардҳои чашмгир даст пайдо карданд ва эҷод ва тақвияти ҳамкориҳо миёни ширкатҳои донишбунёни Эрон ва Люксембург метавонад яке аз заминаҳои равобити байниякдигарӣ бошад.

Раиси кумитаи равобити хориҷии Парлумони Люксембург низ дар ин нишасти маҷозӣ таҳримҳои Амрико зидди Эрон ба вижа дар баҳси ваксинаро ғайриинсонӣ донист ва гуфт: Масоили инсонӣ чун ваксиносиюн дар шароити ҳамагирии коронаро набояд сиёсӣ кунем ва умедворем бо лағви таҳримҳо ва ҳамкории кишварҳо бар ин вирус пирӯз шавем.

Раиси кумитаи равобити хориҷии Парлумони Люксембург, иқдоми Доналд Трамп раиси ҷумҳурии собиқи Амрико дар хуруҷ аз БарҶомро ғайри қобили дарк донист ва таъкид кард: Ин иқдоми Амрико боис шуд то эътимод ба тавофуқҳои байналмиллалӣ беэътибор шавад чаро ки таъаҳудот бар мабнои эътимод ва амали ҳарду тараф ба таъаҳудот аст.

 

Барчасп