Январ 27, 2022 22:25 Asia/Dushanbe
  • Тахтиравончӣ: Эрон тамоми тавони худро барои ҳимоят аз мардуми Афғонистон ба кор гирифтааст

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Миллали Муттаҳид хотирнишон кард, ин сиёсати расмии давлати Эрон буд, ки мавриди тайиди Раҳбари муаззами Инқилоби Исломӣ аст.

Маҷиди Тахтиравончӣ, дар нишасти Шурои амнияти Созмони Миллал дар бораи вазъияти Афғонистон ба буҳрони инсонии бесобиқа дар ин кишвар ишора карду гуфт, бар асоси гузоришҳои Созмони Миллал беш аз 24 миллон нафар  дар Афғонистон ба кумакҳои башардустона ниёз доранд.

  • Тахтиравончӣ бо баёни ин ки то кунун даҳҳо маҳмулаи кумакҳои башардустона шомили колоҳои асосӣ, аз ҷумла ғизо, дору ва таҷҳизоти пизишкӣ ба Афғонистон ирсол кардааст афзуд, пас аз тасалути Толибон бар Афғонистон, Эрон ба манзури кумак ба мардуми ин кишвар марзҳои худро бо Афғонистон боз нигаҳ дошта ва дар ҳоли ҳозир тиҷорати одди байни ду тафар ҷараён дорад.
  • Намояндаи доими Эрон дар Созмони миллал дар идома ба вуруди оворагони афғон ба Эрон ишора карду гуфт: Баъд аз рӯи кор омадани Толибон дар тобистони гузашта, рӯзона ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Афғонистон вориди Эрон мешаванд ва бовуҷуди таҳримҳои ғайри инсонии Амрико, ки мушкилоти зиёдеро барои давлат ва мардуми Эрон эҷод кардааст, Ҷумҳурии Исломии Эрон хадамоти мухталиферо, аз ҷумла омӯзиш, беҳдошту дармон, омӯзишҳои ҳирфаӣ ва иштиғол ба оворагони афғони муқими Эрон бо камтарин кумаки ҷомеъаи ҷаҳонӣ ироа медиҳад.
  • Тахтиравончӣ, ҳамчунин ба барномаи воксинасиюни корона паноҳандагон дар Эрон ишора карду гуфт: Давлати Эрон ҳамзамон бо барномаи воксиносиюни эрониҳо, паноҳандагони афғонро низ дар баробари корона ваксина мекунад.

Намояндаи доими Эрон дар Созмони Милллал дар идома бо баёни ин ки ба далили эъмоли таҳримҳои Амрико манобеъи молии Эрон маҳдуд шудааст, изҳор дошт: Агар ҷомеъаи ҷаҳонӣ натавонад ба мавқеъ ба Эрон кумакҳои лозим ироа кунад, Теҳрон ба танҳои қодир ба идомаи ҳимояти худ аз паноҳҷуёни афғон, ки теъдоди зиёде аз онҳо аз тариқи Эрон ба дунболи рафтан ба Аврупо ҳастанд нахоҳад буд.

Тахтиравончӣ, ба қатъномаи 2615 Шурои амният дар мавриди муофияти кумакҳои башардустон аз муқарароти таҳримӣ низ ишора ва ибрози умедворӣ кард, ин қатънома битавонад фароянди кумакҳои башардустонаи ба мавқеъ ба мардуми ниёзманд дар Афғонистонро тасҳил кунад.

Намояндаи доми Эрон дар Созмони Миллал дар нишасти Шурои амният ҳамчунин хостори озодсозии дороиҳои масдудшудаи Афғонистон шуд ва гуфт: Озодсозии дороиҳои Афғонистон барои эҳёи иқтисоди ин кишвар ва наҷоти ҷони мардум зарурӣ аст ва ба ҳеҷваҷҳ набояд сиёсӣ ва машрут шавад.  

 

Барчасп