Январ 27, 2022 22:34 Asia/Dushanbe
  • Роҳёбии муқтадиронаи тими миллии футболи Эрон ба Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар

Тими миллии футболи Эрон бо бартарӣ муқобили Ироқ ба Ҷоми Ҷаҳонии 2022 Қатар суъуд кард.

Тими миллии футболи Эрон рӯзи панҷшанбе дар ҳафтумин бозии худ дар марҳалаи ниҳоии муқадимотии Ҷоми Ҷаҳонӣ 2022 Қатар ба масофи Ироқ рафт ва дар ниҳоят бо натиҷаи 1 бар сифр бо голи Маҳдӣ Торимӣ ҳарифро шикаст дод.

Тими миллии футболи Эрон бо ин натиҷа сариътарин суъуди худ ба Ҷоми Ҷаҳониро рақам зад ва бо натиҷаи қобили қабул, муқтадиронатарин натоиҷи мумкинро рақам зад.

Тими миллии футболи Эрон бо ҳидояти Драгон Скочич дар 14 бозии гузашта 13 бурд ва як тасовӣ касб кард ва дар ниҳоят дар рӯзе, ки бонувон ва хонаводаҳо дар варзишгоҳ буданд ҷавози ҳузур дар Ҷоми Ҷаҳонии Қатарро касб кард.

Эрон бо ин бурд 19 имтиёзӣ шуд ва садри ҷадвалро ҳифз кард ва Ироқ ҳам бо ҳамон чаҳор имтиёз дар ҷойгоҳи панҷуми гуруҳи аввал боқӣ монд.

 

Барчасп