Феврал 01, 2022 19:45 Asia/Dushanbe
  • Тамдиди таърихи гузарномаи муҳоҷирони афғон дар Эрон

Гузарномаҳои муҳоҷирони афғонистонӣ дар Эрон тамдид мешавад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, дар ҳоле, ки эътибори гузарномаҳои муҳоҷирони афғонистонии муқими Эрон 3 озари соли ҷорӣ поён ёфта аст, тамдиди эътибори раводид ба зудӣ дар дафтарҳои хадамоти атбоъ оғоз мешавад.

Ин тарҳ шомили афроде мешавад, ки дар солҳои 95 ё 97 гузарномаҳои худро тамдид накарданд.

Тибқи тавофуқ бо комисюни сомондиҳии шаҳрвандони хориҷӣ, раводиди шаҳрвандони афғонистонӣ як сол то 30 озари 1401 тамдид мешавад.

Ҳамчунин бар асоси ҳамоҳангӣ бо идораи кулли умури атбоъ ва муҳоҷирини хориҷии Вазорати дохилаи Эрон бо намояндагии сиёсӣ ва консулии Афғонистон, гузарномаҳои куҳна, ҷамоварӣ ва иқдомоти идорӣ аз тариқи бахши консулии сафоратхонаи Афғонистон дар шаҳри Теҳрон ва консулгариҳои Афғонистон дар Машҳад ва Зоҳидон анҷом мешавад.

 

Барчасп