Таслияти солрӯзи шаҳодати Имом Алии Нақӣ (а)
Шанбе сеюми раҷаби соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо панҷуми феврали 2022, солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Алии Нақӣ (а) аст.
Имом Алии Нақӣ (а) дар соли 212 ҳиҷрии қамарӣ наздики шаҳри Мадина чашм ба ҷаҳон гушуданду таҳти роҳнамоиҳои падари бузургворшон Имом Ҷавод (а) қарор гирифтанд. Эшон баъд аз шаҳодати падари бузургворашон, ӯҳдадори имомат ва раҳбарии ҷомеаи исломӣ шуданд
Аз лақабҳои машҳури имоми Алии Нақӣ (а) «Ҳодӣ » ба маънои ҳидояткунанда аст. Имом Ҳодӣ (а) дар муаррифии симоии тобноки исломи ростин талоши бисёр карданд.
Эшон ҷаласоти мутааддидеро барои баҳс дар бораи масоили мухталифи ақидатӣ, фикрӣ ва ё иҷтимоӣ баргузор карданд ва дар ин ҷаласот ба саволҳо ва шубҳаҳои матраҳшуда посух гуфтанд.
Илму дониши густардаи имом Ҳодӣ (а) аз як сӯ маҷбубияту ҷозибаи зиёди эшон дар миёни мардум аз сӯи дигар, ҳасодату кинаи ҳокимони Аббосиро бармеангехт ва билохира тайи дасисаҳое, он ҳазратро ба шаҳодат расонданд.
Созмони Садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон, фаро расидани солрӯзи шаҳодати ҳазрати имом Алӣ Нақӣ (а)-ро ба ҳамаи мусулмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон таслият мегуяд.