Генерал Ҳоҷизода: Як мӯшаки роҳбурдӣ ба зудӣ рунамоӣ мешавад
(last modified Tue, 08 Feb 2022 04:57:55 GMT )
Феврал 08, 2022 09:57 Asia/Dushanbe
  • Генерал Ҳоҷизода: Як мӯшаки роҳбурдӣ ба зудӣ рунамоӣ мешавад

Фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорни Инқилоби исломӣ аз рӯнамоӣ як мӯшаки роҳбурдии ҷадид дар ояндаи наздик хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, генерал Амиралӣ Ҳоҷизода, фармондеҳи нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорни Инқилоби Исломӣ дар ҳошияи таҷдиди мисоқи ҷамъе аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ бо ормонҳои имом Хумайнӣ (раҳ.) дар хусӯси рӯнамоӣ аз дастовардҳои ҷадиди нерӯи ҳаво-фазои Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ, гуфт, дар ояндаи наздик аз як мӯшаки роҳбурдии ҷадид, рӯнамоӣ хоҳад шуд.

Вай афзуд, ин мӯшак муддатҳост сохта шуда ва мавҷӯд аст ва ба зуддӣ, расонаӣ хоҳад шуд.

Сипоҳи посдорон охиринбор 11 декабри 2021 аз яксаду 10 шиновари класси тундрави ҳуҷумии “Ошӯро” рӯнамоӣ карда буд.

Ба гуфтаи генерал Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳавзаи худ иттикоӣ ва худбоварӣ ва худкафоӣ, болотар аз худкафоӣ дар таслеҳоту таҷҳизот, дар тарроҳии роҳбурдҳо ва сиёсатҳо то тарҳҳои амалиётӣ ва тактикҳо ва дар ончӣ ки бояд дар дифо ва амнияти кишвар анҷом бидиҳад, худкафост.

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ ахиран бо баргузории размоиши Паёмбари аъзам (с)- 17 бархе аз таслеҳоту таҷҳизот шомили анвоъи мӯшакҳо, силоҳҳои инфиродӣ, дӯшпартобҳо, шиноварҳои тундрав, паҳподҳои мухталиф ва анвоъи дигаре аз таҷҳизоти низомиро озмоиш кард.

Бештар бихонед: