Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Амрико имрӯз аз ҷое зарба мехурад, ки ҳаргиз онро муҳосиба накардааст
(last modified 2022-02-09T06:50:44+00:00 )
Феврал 09, 2022 11:50 Asia/Dushanbe
  • Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Амрико имрӯз аз ҷое зарба мехурад, ки ҳаргиз онро муҳосиба накардааст
    Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ: Амрико имрӯз аз ҷое зарба мехурад, ки ҳаргиз онро муҳосиба накардааст

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо баёни ин ки Амрико имрӯз аз ҷое зарба мехурад, ки ҳаргиз онро муҳосиба накардааст, таъкид карданд: Имрӯз ду раиси ҷумҳурии Амрико (раиси ҷумҳурии қаблӣ ва раиси ҷумҳурии феълӣ) даст ба дасти ҳам доданд, ки обрӯи Амрикоро бибаранд ва доранд мебаранд.

Ба гузориши дафтари ҳифзу нашри осори ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, дар солгарди байъати таърихии ҳамофарон бо ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) дар 19 баҳмани 1357, ҷамъе аз фармондеҳону коркунони неруи ҳавоӣ ва падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон сешанбе бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи муаззами кулли қуво дидор карданд.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ дар ин дидор фармуданд, ҳар ҷое, ки неруи ҳақ дар муқобили куфр вориди майдон шавад, душман бо ҳамаи ҷалолу ҷабарути зоҳирӣ, ки ботин ва мағз надорад, дар муҳосиботаш иштибоҳ мекунад.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ хитоб ба фармондеҳону коркунони неруи ҳавоӣ афзуданд: Ҳар кас дар ҳар даврае, ки дар масири он ормонҳо ҳаракат кунад, дар воқеъ дар ин ҳаракат саҳим ва шарик аст, бинобарин фармондеҳону коркунони неруи ҳавоӣ ҳам ҷузви касоне ҳастанд, ки аз ифтихороти нуздаҳуми баҳман баҳраманд шуданд, ҳаракати он рӯзи неруи ҳавоӣ зарбае охирӣ буд, ки бар пайкари пӯсидаи режими паҳлавӣ ворид шуд ва хаймаи манҳуси режими паҳлавиро нобуд кард.

Эшон фармуданд, он рӯз (19 баҳмани 57) он ҷавонҳои афсару дараҷадор ва умдатан ҳамофароне, ки дар он дидори аҷиб бо имом Хумайнӣ (раҳ) ширкат ва байъат карданд, ин байъат байъат бо шахс набуд, байъат бо ҳадафҳо ва ормонҳо буд, байъат бо он ҷиҳоди муқаддасе буд, ки имом фармондеҳи муқтадири он ҷиҳод буд.

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ дар ибтидои ин дидор гуфтанд: Ман пойдандам, ба шеваномаҳое, ки пизишкон эълом мекунанд, банда пойбандӣ дорам, яъне вазифа медонам барои худам, ки онҳоро амал кунам ва амал мекунам. Исрор рӯйи моск дорам ва ин навбати сеюми тазриқи ин воксанро ҳам ман анҷом додам.

Ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ афзуданд: Тавсия мекунам ба мардуми азизи Эрон, ки ба ҳар ҳарфи мутахассисон ва соҳибназарони ин ришта тавваҷуҳ кунанд ва гӯш кунанд, он чӣ ки онҳо салоҳ медонанд ва лозим медонанд анҷом бидиҳанд.

Дар солгарди байъати таърихии ҳамофарон бо ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ) дар 19 баҳмани 1357 (8 феврали 1979) ҷамъе аз фармондеҳону коркунони неруи ҳавоӣ ва падофанди ҳавоии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон субҳи имрӯз (сешанбе) бо ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, фармондеҳи кулли қуво дидор карданд.