Иродаи қотеи Теҳрон - Душанбе барои тавсеаи равобит: Ташреҳи зарфиятҳои ҳамкорӣ аз забони сафир
(last modified 2022-02-09T07:30:01+00:00 )
Феврал 09, 2022 12:30 Asia/Dushanbe
  • Иродаи қотеи Теҳрон - Душанбе барои тавсеаи равобит: Ташреҳи зарфиятҳои ҳамкорӣ аз забони сафир

Сафири Эрон дар Тоҷикистон гуфт, ҳеҷ кишваре, ба андозаи Эрон ба Тоҷикистон дилбастагӣ ва иртиботи наздик надорад ва сабаби он ҳам қаробатҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии миллатҳои ду кишвар аст.

Муҳаммадтақии Собирӣ дар ҳамоише, ки бо ҳузури донишмандон, пажӯҳишгарон ва донишгоҳиёни тоҷик дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатӣ байни ду кишвар баргузор шуд, суханронӣ кард.

Собирӣ дар ибтидои суханони худ бо ибрози хушҳолӣ аз фурсати ҳузур дар ҷамъи фарҳехтагону донишгоҳёни тоҷик, саломи худ ва асҳоби фарҳангу ҷомеаи донишгоҳии Эронро тақдими онҳо кард ва гуфт: Аз раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон самимона ташаккур мекунам, ки ин имконро фароҳам карданд ва Додори поку Яздон беҳамторо сипосгузорам, ки иноят фармуд то дар ҷамъи асҳоби донишу фарҳанги кишвари дӯсту бародар, бо хешовандони таърихии худ бо забони ширини порсӣ, ки мероси ҳазоручандсолаи ниёкони мост, сухан гӯем ва бо андешаи онон ба ҷаҳон бангарем. Ниёконе, ки саҳми сутургеро дар сохти тамаддуни башарӣ ифо намуданд. Шарқу Ғарбро пайванд заданд ва дар масири ин табодул, арзишҳои фарҳангӣ ва таърихии сайқалёфта худро ба намоиш гузоштанд.

Сафири Эрон дар Тоҷикистон дар идомаи суханони худ гуфт: Мо иқлими фарҳангии муштараке дорем, ки ин ҷаҳони фарҳангӣ басе бузургтар аз марзҳои сиёсии кишварҳои мост. Қаламраве, ки аз шимоли Чин шуруъ мешавад ва то Аврупо пеш меравад. Падарони мо дар сояи халлоқияту талош, маҷмӯае аз дастовардҳои сутурге доштаанд, ки мақбули мардуми соҳибназари ҷаҳон воқеъ шудааст. Фарҳанги муштараки мо тавонистааст марзҳои сиёсиро дарнавардад ва дар қаламрави бисёр густардае коми мардуми ҷаҳонро аз хони неъмати фазилату фарҳанг ширин кунад.

Ба гуфтаи вай, он чӣ мероси мо ба ҷаҳони инсонӣ пешкаш кардааст, маҷмӯае аз арзишҳои волои инсонӣ, хасоили некӯ, зебоиҳои рӯҳнавоз ва фазоили арзишманде аст, ки дар тӯли таърих на танҳо дучори костӣ нашудаанд, балки дар ҳамин рӯзгори имрӯз низ мавриди пазириши ҷомеаи инсонӣ аст. Беҷиҳат нест, дар тамоми мазомин сухани ниёкони мо, андешаву ақл, садоқату сароҳат, дурӣ аз таассуб ва бартариҷӯӣ ва низ доноиву хирадварзӣ ғалаба дошт.

Вай дар бахши дигаре аз суханронии худ таъкид кард, ҳеҷ кишваре ба андозаи Ҷумҳурии исломии Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистони дилбастагӣ ва иртиботи наздик надорад ва сабаби он ҳам қаробатҳои нажодӣ, таърихӣ, фарҳангӣ, динӣ ва забонии миллатҳои ду кишвар аст. Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойгоҳи болое бархурдор аст. Мақомоти аршади Ҷумҳурии исломии Эрон аз равобити ду кишвар ба «равобити хешовандӣ» ёд намудаанд ва ба далели аҳамияти Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, ки Сайид Иброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳурии исломии Эрон ин кишвари зеборо ба унвони мақсади аввалин сафари хориҷии худ интихоб кард. Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз таъбири «гӯшту нохун» барои тавсифи пайвандҳои Эрон ва Тоҷикистон истифода кард.

Сафири Эрон бо ишора ба се даҳа барқарории равобит миёни ду кишвар, изҳор дошт: Имсол, ки сиюмин солгарди барқарории равобити дипломатии байни ду кишварро ҷашн мегирем, ифтихор дорам, ки эълом намоям дар тӯли се даҳаи гузашта Ҷумҳурии исломии Эрон саҳми пешгомонае дар кумак ба тақвияти зерсохтҳову тавсеаву шукуфоии Тоҷикистони азиз дошта ва ҳамвора аз пешрафтҳои рӯзафзуни ин кишвар хурсанд буда ва муфтахар аст, ки бо эҳдоси садду нерӯгоҳи Сангтӯда – 2 ва мушорикати фаъоли ширкатҳои бартари эронӣ дар сохти тарҳи бузурги сад ва нерӯгоҳи барқи обии Роғун ба истиқлоли энержии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини масрафи дохилии он кумаки муассире намуда ва бо эҳдоси нақби Истиқлол, пайванддиҳандаи шимолу ҷануби Тоҷикистон, нақши вижае ифо кардааст.

Собирӣ дар хусуси нақши Эрон дар ҳамкориҳои ду кишвар гуфт, банодири ҷанубии Эрон, ба хусус бандари Чобаҳор метавонад барои транзити коло ба Тоҷикистон бо қимату хадамоти арзон мавриди истифода қарор гирад.

Вай афзуд: Ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангии ду кишвар яке аз дурахшонтарин сафаҳоти равобити Тоҷикистон ва Эрон аст, зеро табодули таҷрибиёт миёни донишмандон, муаллимон, донишомӯзон, иҷрои барномаҳои фарҳангӣ ва ҳунарии ду кишвар ва ширкати донишмандону фарҳангиён дар маросими фарҳангӣ аз авлавиятҳои аслии ин равобит аст.

Тайи 30 соли гузашта нухбагон, равшанфикрон ва асҳоби илму маърифати Тоҷикистон бо огоҳӣ аз пешинаҳои ғании таърихӣ, тамаддунӣ, фарҳангӣ ва динии муштарак, ҳамвора дар пайи таҳкими муносиботи ҳамаҷонибаи ду кишвари дӯсту бародари Эрон ва Тоҷикистон будаанд. Ҳимояти фарзонагони тоҷик яке аз сармояҳои бебадилу бунёнҳои устувори равобити илмӣ ва фарҳангии ду миллат аст.