Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо афв ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон
(last modified 2022-02-11T09:43:29+00:00 )
Феврал 11, 2022 14:43 Asia/Dushanbe
  • Мувофиқати Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ бо афв ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон

Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон ба муносибати солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломӣ бо афв ё тахфифи муҷозоти теъдоде аз маҳкумон мувофиқат карданд.

Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ба муносибати солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломии Эрон бо афву тахфифи муҷозоти се ҳазору 388 нафар аз маҳкумони маҳокими умумӣ ва инқилоб, Созмони қазоии Неруҳои мусаллаҳ ва таъзироти ҳукуматӣ мувофиқат карданд.

Ғуломҳусайн Муҳсинии Эжаӣ, раиси Қувваи қазоияи Эрон ба муносибати фаро расидани солрӯзи пирӯзии шукӯҳманди инқилоби исломӣ дар номае ба Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ пешниҳоди афв ё тахфифу табдили муҷозоти 3 ҳазору 388 нафар аз маҳкумонро, ки дар идораи афву бахшудагии Қувваи қазоия воҷиди шароити лозим ташхис дода шудаанд, ироа кард, ки ин пешниҳод дар иҷрои банди 11 аз асли 110 қонуни асосӣ мавриди мувофиқати ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ қарор гирифт.