Ҷашни пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон дар Бағдод
Ҷашни пирӯзии инқилоби исломии Эрон бо ҳузури шахсиятҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мазҳабии Ироқ ба ҳиммати сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Бағдод баргузор шуд.
Дар маросими ҷашни пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон даҳҳо нафар аз шахсиятҳои ироқӣ ва сарони ашоири ин кишвар, аз ҷумла Саидамор Ҳаким, раҳбари ҷараёни Ҳикмати миллии Ироқ ва Ҳодӣ Ал Омирӣ, раиси Эътилофи порлумонии ал Фатҳ ва Одил Абдулмаҳдӣ, нахуствазири пешини Ироқ дар канори эрониёни муқими ин кишвар ҳузур доштанд.
Эраҷи Масҷидӣ, сафири Эрон дар ин маросим бо табрики 43-умин солгарди пирӯзии Инқилоби исломӣ гуфт, Эрон дасти садоқату ҳамкориро ба самти ҳамаи кишварҳо дароз мекунад ва ҳамин интизорро аз дигар кишварҳо дорад.
Ҷумъа 22 баҳмани 1400 баробар бо 11 феврали 2022, 43- умин солгарди пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон буд.
Инқилоби исломии Эрон 11 феврали 1979 ба раҳбарии ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.) ба пирӯзӣ расид.
Бештар бихонед: