Ноябр 18, 2016 17:23 Asia/Dushanbe
  • Хатиби ҷумъаи Теҳрон: Маросими

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон маросими "Арбаини Ҳусайнӣ"-ро саҳнаи намоиши иттиҳоду муқовимати мусулмонони ҷаҳон аз шиаву суннӣ дар баробари душманони Ислом донист.

Ба гузориши радиои тоҷикӣ, оятуллоҳ Муҳаммад Имомии Кошонӣ, хатиби намози ҷумъаи Теҳрон бо ишора ба талоши истикбору саҳюнизми ҷаҳонӣ барои эҷоди тафриқаву ихтилоф байни уммати исломӣ гуфт: “Ҳузури миллионии мусулмонон аз мазоҳиби мухталифи исломӣ дар маросими бошукӯҳи "Арбаини Ҳусайнӣ", намоёнгари азми онҳо барои муқовимат дар баробари ҳамаи тавтеаҳои зиддиисломӣ аст”.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон таъкид кард, азамати арбаин, истикборро мутазалзил кардааст.

Оятуллоҳ Имомии Кошонӣ гуфт, ҷаҳони Ислом бояд бо басирату шиносоии дақиқи тавтеаҳои Амрикову режими саҳюнистӣ, монеи амалӣ шудани барномарезиҳои дақиқи онҳо зидди кишварҳои минтақа шаванд.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон ҳамчунин бо ибрози нигаронӣ аз идома ёфтани хунрезӣ дар бархе кишварҳои минтақа, аз ҷумла Сурия, Яман, Ироқ ва Афғонистон гуфт, масъулияти ба хоку хун кашида шудани мардуми бегуноҳи минтақа ба ӯҳдаи Амрикову кишварҳои ҳомии терроризм аст.

Хатиби намози ҷумъаи Теҳрон дар бораи интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико низ гуфт, натиҷаи ин интихобот барои Ҷумҳурии исломии Эрон аҳамияте надорад, зеро ҳеч таъсире дар ҳалли буҳронҳои ҷаҳонӣ ва мушкилоти мардуми Амрико нахоҳад дошт.

 

Барчасп