Феврал 12, 2022 13:25 Asia/Dushanbe
  • Маросими гиромидошти инқилоби исломӣ дар  Эрон ва бархе кишварҳои минтақа баргузор шуд
    Маросими гиромидошти инқилоби исломӣ дар Эрон ва бархе кишварҳои минтақа баргузор шуд

Инқилоби исломии мардуми эронзамин ба раҳбарии ҳазрати Имом Хумайнӣ(раҳ), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломии Эрон, аз ҷумлаи падидаҳои нодир дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ дар қарни 20-ум ва 21-якум қаламдод мешавад.

Дар моҳи феврали соли 1979, вуқуи ин падидаи нодир сабаб шуд, ки шиносоии азамати вуқуъи инқилоби исломӣ аз нигоҳи давлатҳои султагари минтақа ва ҷаҳон махфӣ бимонад. Ба ҳамин далил инқилоби исломии Эрон сабаб шудааст, мавеъгириҳои мутаноқиз дар заминаи вуқуъи ин падида аз сӯи сиёсатмадорони давлатҳо ва расонаҳои ҷаҳонӣ иброз шавад.

Тардиде нест, ки инқилоби исломии Эрон ба унвони инқилобе дорои бори арзишӣ ва фарҳангӣ натанҳо реша дар эътиқодоти дини мубини Ислом дошт, балки муҳарикҳо ва аҳдофи худро дар ин дини осмонӣ ҷустуҷу мекард. Дар воқеъ вуқуъи инқилоби исломии мардуми Эрон бо таваҷҷуҳ ба раванди динзудоӣ аз ҷомеъаҳои башари, ки таҳти унвони "Сикулоризосиюни ғарбӣ" ҳаракати маъкус дар масири таҳақуқи аҳдофи низоми султа дар сатҳи ҷомеъаи ҷаҳонӣ маҳсуб мешуд.

Ба ҳамин далил аз ҳамон нахустин рӯзҳои оғозини пирӯзии инқилоби исломӣ, мухолифатҳои ҷиддии қудратҳои истикбори бо ҳаракати азими мардуми Эрон дар дастури кор қарор гирифта аст. Бо вуҷуди ин андешаи инқилоби исломии мардуми эронзамин ба унвони намунаи мунҳасир ба фард аз низоми ҳукумати ҷадиди дар сатҳи ҷомеъаи ҷаҳони матраҳ шуд. Ба далили ҳамин вижагиҳои мунҳасир бафард, инқилоби исломии мардуми Эрон дар кутоҳтарин замон аз марзҳои ҷуғрофиёӣ эронзамин ба саросари ҷаҳон мунтақил шавад ва паёми аслии худро, ки ҳамоно мубозира бо зулм ва ситам ва барпоӣ ҳукумати одилона буд, ба дуртарин нуқоти ҷаҳон бирасонад.

Дар адабиёти сиёсии махсуси равобити байналмиллалӣ, зариби нуфуз яке аз муалифаҳои асаргузории давлатҳо қаламдор мешавад дар чорчуби ҳамин зариби нуфуз, қудратҳои минтақаӣ мекушанд дигар давлатҳоро ба идомаи сиёсатҳои мавриди назари худ водор созанд.

Дар ҳамин иртибот Ивинд Страуд "Qyvind Qsterud" аз соҳибназарони сиёсии назаряпардозон, пиромуни шаклгирии қудратҳои минтақа муътақид аст: "доштани нуфузи зиёд дар минтақа аз ҷумла шаройти қудрати минтақа қаламдор мешавад, шояд аз ҳамин ру аст ки минтақаи ғарби Осиё, ин рӯзҳо шоҳиди рақобатҳои ҷидди барои густариши шиъори нуфуз миёни қудратҳои минтақа аст."

Бадеҳист, ки қудратҳои минтақаии Эрон аз замони пирӯзии инқилоби исломӣ ҳар рӯз дар абъоди мутанавеъи дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон дар ҳоли пешрафт будааст. Ба ҳамин далил аз нахустин солҳои пирӯзии инқилоби исломӣ, милатҳои минтақа бо шодии мардуми Эрон ва бо ғами мардуми Эрон ғамгин ва нигарон шуданд, дар ин замина бояд гуфт, маросими гиромидошти 43-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломии Эрон дар бисёре аз кишварҳои минтақа баргузор шудааст.

Бо вуҷуди он, ки муштаракоти фаровони фарҳангӣ, динӣ ва таърихии милатҳои минтақарор наметавон дар ин заимна нодида гирифт бояд, гуфт, маросими солрузи пирӯзии ин рӯзи бузург дар бархе аз кишварҳо, аз ҷумла Афғонистон, Покистон, Ҷумҳурии Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Туркия, Ҳинд, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто бахшҳое аз ҷумҳуриҳои худмухтор дар Русия баргузор мешавад.

Бидуни шак, баргузории маросими солрузи инқилоби исломии Эрон барои милатҳои ин минтақаҳо низ ҳоизи аҳамият аст ба хусус, ки тамоми милатҳои минтақа наҷоти мардуми эронзаминро наҷоти худ талқи мекунанд.

Инқилоби исломии Эрон ба раҳбари ҳазрати Имом Хумайнӣ(раҳ.), бунёнгузори кабири Ҷумҳурии Исломӣ дар рӯзи 11 феврали соли 1979 ба пирӯзӣ расид, тардид нест, ки нақши раҳбарии Имом Хумайнӣ(раҳ) дар пирӯзии инқилоби исломӣ ва ташкили низоми исломӣ бисёр барҷаста буда ва андешаҳои эшон дар хориҷ аз марзҳои Эрони исломӣ ҳам таъсиргузор будааст. Дар ҳақиқат истиқлол, бедорӣ ва озодихоҳӣ ба унвони шиори аслии инқилоби исломӣ фаротар аз марзҳои Эрон тарафдор ва ҳомиёни махсус ба худро пайдо карда ва ин инқилоб ба улгӯе барои милатҳои мазлум ва озодахоҳони ҷаҳон табдил шудааст.

Дар ин замина воқеиятро низ набояд нодида гирифт, ки бо вуҷуди таблиғоти густардаи расонаҳои вобаста ба саҳюнисти байналмиллал ва давлатҳои ғарбӣ, андешаҳои созандаи Ҷумҳурии Исломии Эрон илова бар милатҳои минтақа, дар миёни милатҳои ҷаҳон бавижа мардуми Ғарб низ ҳомиёни бисёр дорад.

 

Бештар бихонед:

Барчасп