Солрӯзи валодати бо саъодати ҳазрати Алӣ(а) муборак бод
(last modified Tue, 15 Feb 2022 17:13:47 GMT )
Феврал 15, 2022 22:13 Asia/Dushanbe
  • Солрӯзи валодати бо саъодати ҳазрати Алӣ(а) муборак бод

Сешанбе 13 раҷаби соли 1443 ҳиҷрии қамарӣ баробар бо 18 феврали 2022 солрузи валодати бо саъодати ҳазрати амиралмуъминин Алӣ(а) аст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҳазрати Алӣ ибни Абитолиб(а) дар 13 моҳи раҷаб дар ҳоле, ки девори хонаи Каъба ба рӯи модараш Фотима бинти Асад шикофта ва вай вориди ин хонаи муқаддас шуд, дида ба ҷаҳон кушод. 

Ҳазрати Имом Алӣ(а) аз даврони навҷавонӣ назди Расули гиромии Ислом ҳазрати Муҳаммади Мустафо(с) парвариш ёфтанд.

Эшон нахустин фарде буданд, ки ба Ислом имон оварданд ва дар ҳамаи мароҳили таблиғ ва тарвиҷи дини мубини Ислом аз сӯи Паёмбари Акрам(с), аслитарин ёвари он ҳазрат ба шумор мерафтанд. Дар тақвими Ҷумҳурии Исломии Эрон солрӯзи валодати Имом Алӣ(а) рӯзи Падар номгузори шуда аст.

Мардум дар саросари Эрони исломӣ, солрӯзи мелоди ҳазрати имом Алӣ(а)-ро, ки дар ҳақиқат падари имомат ҳастанд гиромӣ медоранд.

Садо ва Симои Ҷумҳурии Исломии Эрон фаро расидани солрӯзи валодати ҳазрати имом Али(а) имоми аввали шиъаёни ҷаҳонро ба мусалмонон ва дигар озодихоҳони ҷаҳон табрик мегуяд.