Лузуми пойбандии мақомоти Афғонистон ба таъмини ҳақобаи Эрон аз Ҳирманд
Феврал 15, 2022 22:15 Asia/Dushanbe
Мудири кулли дафтари рудхонаҳои марзӣ ва манобеъи оби муштарки Вазорати неруи Ҷумҳурии Исломии Эрон, бар лузуми пойбандии Афғонистон ба таъмини ҳақобаи Эрон аз Ҳирманд таъкид кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷабори Ватанфадо бо таъкид бар пазируфта набудани узри тарафи афғонҳо барои таҳвил надодани оби Ҳирманд ба Эрон гуфт: Пайгирии ҳақобаи Эрон аз роҳҳои дипломатик дар тамоми сутуҳ дар ҳоли анҷом аст.
- Ватанфадо бо баёни ин ки мавзуъи раҳосозии оби Ҳирманд аз маҳали сади Камолхони Афғонистон дар фосилаи 70-80 километрии марзӣ Эрон мудате аст аз сӯи Вазорати умумри хориҷа, Вазорати неру ва муовини вижаи раиси ҷумҳури пайгирӣ мешавад, гуфт: Масалаи ҳақобаи Эрон аз рудхонаи Ҳирманд дорои қидмати 100 сола аст.
- Ба гуфтаи Ватанфадо: Бар асоси муъоҳидаи Ҳирманд дар соли 1972 мелодӣ ҳақобаи Эрон дар солҳои обии маъмули таъин шуда ва ташхиси соли обии маъмули низ истгоҳи дар болодасти садди Каҷаки ва моҳона муъодили 820 миллиард метри мукааб об аст
- Мудири кулли дафтари рудхонаҳои марзӣ ва манобеъи оби муштараки Вазорати неру, афзуд: Тарафи афғон иқдомотеро рӯи ин рудхона анҷом дод, ки ба зиёни Эрон аст ва Эрон низ тибқи банди 5 муъоҳида ба ин иқдомот эътироз карда аст.
Сади Камолхон дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон бар руи рудхонаи Ҳирман аҳдос шуда аст, ки ин рудхона байни ин кишвар ва Эрон муштарак аст ва тибқи қавоиди ҳуқуқӣ набояд иқдомот дар фародаст сабаби коҳиши мизони баҳрабардори дар фурудаст шавад.
Барчасп