Эминӣ ва короии воксани "Розӣ Ков Порс"
(last modified Fri, 18 Feb 2022 13:42:50 GMT )
Феврал 18, 2022 18:42 Asia/Dushanbe
  • Эминӣ ва короии воксани

Сарпарасти муовинати таҳқиқу тавлиди Муассисаи таҳқиқоти воксан ва серумсозии Розӣ эълом кард, эминӣ ва короии воксани "Розӣ Ков Порс" исбот шудааст.

Ба гузориши Муҳаммадҳусайни Фалоҳи Меҳрободӣ гуфт, эминӣ ва короии воксани Розӣ Ков Порс дар марҳалаи сеюми корозмоии болинӣ ба исбот расидааст ва дар маҷмуъ метавон гуфт, ки ин воксани эронӣ эминӣ ва короии муносибе эҷод мекунад.

Сарпарасти муовинати таҳқиқу тавлиди Муассисаи таҳқиқоти воксан ва серумсозии Розӣ афзуд: Марҳалаи сеюми корозмоиии болинии ин воксан бо муваффақият ба итмом расидаву гузориши ниҳоии ин марҳала ҳам ба Созмони ғизо ва дору ироа шудааст.

Фалоҳ ҳамчунин гуфт, натоиҷи баррасиҳои муҳаққиқони эронӣ дар қолаби мутолеаи доза нишон дод, ки воксани Розӣ Ков Порс метавонад ба унвони дизи ёдовари воксанҳои “Синофарм”, “Бараткат”, “Астразенеко”, “Спутник” ва “Розӣ” истифода шавад.

Воксани Розӣ Ков Порс - дуюмин воксани эронии корона аст, ки бо саъю талоши муҳаққиқони эронӣ вориди корозмоии болинӣ шуд.

 

Бештар бихонед: