Вуруди пайкари 64 шаҳиди дифои муқаддас ба Эрони исломӣ
Пайкарҳои поку мутаҳҳари 64 шаҳиди даврони дифои муқаддас аз марзи байналмиллалии Шаламча дар ҷанубу ғарби Эрон, вориди кишвар хоҳанд шуд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, сардор Сайидмуҳаммади Боқирзода-фармондеҳи кумитаи ҷустуҷӯи мафқудин(беасаршудагон)и Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон гуфт : Пайкарҳои мутаҳҳари 64 шаҳиди даврони дифои муқаддас, ки дар манотиқи амалиётии Факка,Маҷнун, шарқи Даҷла ва Шаламча тавассути гуруҳҳои тафаҳҳуси кумитаи ҷустуҷӯи мафқудини Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳ кашф шудаанд, дар солрӯзи шаҳодати Имом Мусои Козим (а ), ( 27 феврали 2022 ) аз марзи Шаламча ба оғӯши меҳани исломӣ бозхоҳанд гашт .
Фармондеҳи кумитаи ҷустуҷӯи мафқудини Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Эрон афзуд : Ин шуҳадо дар амалиётҳои Валфаҷри муқаддамотӣ, Хайбар, Бадр, Карбалои 5 ва таки душман дар интиҳои ҷанг ба шаҳодат расиданд.
Дар ҷанги таҳмилии ҳаштсолаи режими Баъси Ироқ зидди Эрон, ки бо ҳимояти бархе кишварҳои ғарбӣ ва арабӣ ва бо ҳадафи шикасти инқилоби исломӣ сурат гирифт, афзӯн бар 230 ҳазор нафар шаҳид беш аз ин теъдод маҷрӯҳ ва ҳазорон нафар беасар шуданд .