Март 03, 2022 11:33 Asia/Dushanbe
  • Вазири нерӯ гуфт: Дар ин иҷлос қарордодҳои хубе ҳам имзо шуд
    Вазири нерӯ гуфт: Дар ин иҷлос қарордодҳои хубе ҳам имзо шуд

Мизони содироти Эрон ба кишвари Тоҷикистон имсол аз рушди хубе бархурдор будааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Алиакбарӣ Меҳробиён вазири нерӯ дар ҳошияи дидор бо вазири энегетик ва захоири обии Тоҷикистон гуфт: Бо ҳадафи тавсиъаи ҳамкориҳои ҷумҳурии исломии Эрон бо кишварҳои ҳамсоя нахустин сафари раисҷумҳури Эрон пас аз итихоб ба ин симат ба кишвари Тоҷикистон буд

Ӯ гуфт: Ин сафар барои ширкат дар иҷлоси Шанхай буд,ки аҷлоси ду ҷонибае ҳам байни ду кишвар Эрон ва Тоҷикистон байни ҳайатҳои эронӣ ва тоҷикистонӣ баргузор шуд.

Вазири нерӯ гуфт: Дар ин иҷлос қарордодҳои хубе ҳам имзо шуд. Вай идома дод: Заминаҳои ҳамкори байни ду кишвар бисёр зиёд аст аз ҷумла дар бахши судури хадамоти фаннӣ ва муҳандисӣ,ки аз гузашта вуҷуд доштааст.

Алиакбарӣ Меҳробиён афзуд: Имсол низ бархе ширкатҳои эронӣ тавонистаанд дар тарҳҳои Тоҷикистон ҳузур ёбанд.

Бештар бихонед:

Барчасп