Март 09, 2022 11:57 Asia/Dushanbe
  • Ин дуввумин моҳвораи низомии Эрон аст,ки дар мадори наздикии замин  қарор мегирад
    Ин дуввумин моҳвораи низомии Эрон аст,ки дар мадори наздикии замин қарор мегирад

Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ рӯзи сешанбе эълом кард, дуввумин моҳвораи низомии Эрон бо номи" Нур-2 "тавассути моҳворабари Қоседи нерӯи ҳавофазоӣ Сипоҳ ба фазо партоб шуд ва бо муваффақият дар мадори 500 километрии замин қарор гирифт.

Ин дуввумин моҳвораи низомии Эрон аст,ки дар мадори наздикии замин (LEO) қарор мегирад. Маъмурияти ин моҳвораи санҷиши ва шиносоӣ аст,ки бо суръати 7/6 километр бар сония ва 480 сония пас аз партоб дар мадори 500 километри қарор гирифтааст.

Пас аз ин нерӯи ҳавофазоӣ Сипоҳ моҳвораи "Нур-1"-ро дар соли 2020 бо моҳвора бар се марҳалаӣ ва сухти таркибии Қосед ба фазо партоб кард ва дар мадори 425 километрии замин қарор гирифт. Бо вуҷӯди пеш биниҳои умри як солаи моҳвораи "Нур1", ин моҳвора ҳамчунон фаъол аст ва иттилооти худро ба истгоҳи замини мунтақил мекунад.

Сарлашкар Ҳусайн Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломии Эрон бо баёни инки ҷумҳурии исломии Эрон аввалин кишвари мусалмоне аст, ки моҳвора дар фазо қарор медиҳад, гуфт: Имрӯз тавонистем бар душман ғалаба кунем ва ин фановариҳои печида ва донишҳои навинро ба даст овардем ва онро ба як маҳсули муваффақе табдил кунем.

Санъати фазоӣ ба унвони яке аз аносири қудрати ҳар кишваре маҳсуб мешавад ҷумҳурии исломии Эрон дар солҳои ахир гомҳои пайваста ва рӯ ба пешрафтеро дар заминаи дастёбӣ ба фановарии мушаки ва фазоӣ бардоштааст.

Партоби моҳворабарҳо ва низ моҳвораҳои буми дар чанд солаи ахир намоди ин пешрафти бузург дар арсаи фазоӣ маҳсуб мешавад. Акнун  Эрон дар дар байни 10 кишвари фазоии ҷаҳон қарор дорад, ки ин амр ҳосили чанд даҳҳа талоши мутахасисон ин сарзамин буда ва ба ҳамин далел Эрон аз ҷойгоҳи қобили иттико дар ин санъат бархурдор аст.

Тафовути барномаи фазоии Эрон бо соири кишварҳои минтақаи ғарби Осиё ин аст, ки Эрон бар тавони дохилии худ устувор буда ва аз фановарии бумӣ ва дохилии худ баҳра ҷустааст.

Дар ҳоли ҳозир сохти пойгоҳи партоби моҳвораи дар ихтиёри шаш кишвар аст ва Эрон  назари тавсиъаи пойгоҳи фазоӣ дар рутбаи баъди қарор дорад.

Эрон ҳамчунин дар ду соли гузашта бо тамаркуз руи моҳворабарҳо гоми муҳиме дар партоби моҳвораҳо бардоштааст ва партоби моҳвора барҳоро ҳамгом бо сохти моҳвора тавсиа додааст. Акнун мутахасисони эронӣ ба чархаи комили фановарии фазоӣ яъне  дониши пойгоҳи партоб, партобгари моҳзвора, истгоҳи партоб ва контурули моҳвора  ва истгоҳи додаҳои моҳвораӣ даст ёфтаанд.

Эрон чаҳор моҳвора низ дар марҳалаи тести ниҳоӣ ва омодаи партоб дорад. Моҳвораи "Зафар 2" марҳилаи ниҳоии омодасозии худро мегузаронад, "Ноҳид 2 ва 1" омода ҳастанд ва "Порс 1" низ таҳвили Созмони фазоии Эрон шудааст. Блуки интиқол мадории "Сомон" ва мутури фазоии "Ораш" низ дар ҳоли гузарондани тестҳои ниҳоӣ ҳастанд.

Ин дар ҳоле аст, ки душманон бо анвоъи таҳримҳо кушиш  карданд монеъи пешрафтиҳои иқтисодӣ ва илмӣ аз ҷумла дар санъати фазоии Эрон шаванд, аммо бо вуҷӯди тамоми маҳдудиятҳо ва фишорҳо, ҷумҳурии исломии Эрон ба анвоъи фановариҳои фазоӣ ва муртабит бо фазо даст ёфтааст, ки бояд онро муваффақияти бузург барои Эрони исломӣ донист.

Сарлашкар Ҳусайни Саломӣ фармондеҳи кулли Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ низ дар маросими партоби моҳвораи "Нур 2" тасреҳ кард: Инки ба номи як миллати мусалмон ва як низоми исломӣ дар фазои таҳрими густардаи байналмиллалӣ, фарзандони миллати Эрон дар Сипоҳ бо эмон ва ирода ва такия ба зеҳнҳои пуё ва халлоқ синаи осмонро шикофта ва тавонистаанд моҳвораи дар мадор қарор диҳанд, ифтихор ва ҷаҳоди бузурге аст.

 

Бештар бихонед:

  

Барчасп