Имзои санади ҳамкориҳои муштараки амниятӣ миёни Эрон ва Узбакистон
(last modified Wed, 09 Mar 2022 15:16:33 GMT )
Март 09, 2022 20:16 Asia/Dushanbe
  • Имзои санади ҳамкориҳои муштараки амниятӣ миёни Эрон ва Узбакистон
    Имзои санади ҳамкориҳои муштараки амниятӣ миёни Эрон ва Узбакистон

Дабири Шӯрои амнияти миллии Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбакистон санади тартиботи ташкили Комиссиони амниятии муштарак миёни ду кишварро дар Тошканд, пойтахти Узбакистон имзо карданд.

Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, имрӯз чаҳоршанбе ва дар аввалин рӯзи сафари расмии Алии Шамхонӣ ба Узбакистон, санади тартиботи ташкили Комиссиони амнияти муштарак миёни Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Узбакистон дар Тошканд, пойтахти ин кишвар аз сӯи дабирони шӯрои амнияти миллии ду кишвар ба имзо расид.

Ин санад, ки аз сӯи давлати Узбакистон тавассути Виктор Маҳмудов, мушовири амнияти миллии раиси ҷумҳурии ин кишвар ба имзо расид заминаҳои ҳамкории муштараки миёни Теҳрон ва Тошкандро дар хусуси мубориза бо терроризм, ифротигароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар дигар ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ фароҳам мекунад.

Дар чорчуби имзои ин санад бахши васее аз ҳамкориҳҳои иттилоотӣ ва амниятӣ миёни ду кишвар оғоз шуд ва ҷаласоти комиссионҳои амниятии муштарак ба сурати солона барои арзёбии натоиҷи ҳамкорӣ дар Теҳрон ва Тошканд баргузор мешавад.

Дар поён Алии Шамхонӣ, дабири Шӯрои олии амнити милли Эрон дар мавриди аҳамияти имзои ин санад дар саҳфаи шахсии худ дар фазои маҷозӣ навишт: Фаъолсозии зарфиятҳои минтақаӣ барои эҷоди суботи пойдор, лозимаи тавсеа ва иртиқои сиёсатҳои ҳамкориҳои минтақаӣ дар давлати сезадаҳум аст.