Таълиқи бахше аз Федератсияи футоли Эрон
Конфедератсияи футболи Осиё бахше аз Федератсияи футболи Эронро таълиқ кард.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бо тасмими Конфедератсияи футболи Осиё, кумитаи судури муҷавизи ҳирфаии Федератсияи футболи Эрон таълиқ шуд.
Ин кумита дар мавриди ҳазфи Истиқлол ва Персполис аз лиги қаҳрамононӣ Осиё хабарсоз шуда буд.
Коргурӯҳи судури муҷавизи бошгоҳи Конфедератсяи футболи Осиё имрӯз дар севвумин ҷаласаи худ, ки ба сурати маҷозӣ баргузор шуд, тағироти калиди ва ҷадвали замонӣ бознигари шуд ва дар раванди иҷрои муҷавизи бошгоҳҳои Конфедератсияи футболи Осиёро барраси кард.
Тибқи эъломи сомонаи Конфедератсияи футболи Осиё бахшҳои муртабит бо судури муҷавизи ҳирфаии бошгоҳҳои Федератсияи футболи Эрон таълиқ шуданд.
Ин таълиқ то замони рафъи иродоти мадди назари дабирхонаи Конфедератсияи Осиё идома хоҳад дошт.
Кумитаи судури муҷавизи ҳирфаи ва кумитаи истинофи судури муҷавизи ҳирфаии Федератсияи футболи Эрон дар моҳҳои гузашта бисёр хабарсоз шуд.
Баъд аз баррасиҳои ин ду кумита ва ироаи иттилоъоти нодурӯст ба Конфедератсияи футболи Осиё, муҷавизи ҳирфаии ду бошгоҳи Истиқлол ва Песрполис ботил шуд ва инду бошгоҳ аз лиги қаҳрамонони 2022 канор гузошта шуданд.
Бештар бихонед: